Қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 августи соли 2017, № 343

Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2018

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор мекунам:

1. Моҳҳои август – декабри соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи қабули обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2018 муташаккилона ба роҳ монда шавад.

2. Ҳайати Ситоди вилоятии «Обуна-2018» ва рўйхати сохторҳои масъули обуна ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ тасдиқ карда шаванд.

3. Нақшаи обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ барои соли 2018 тасдиқ карда шавад.

4. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят:

- ситодҳои шаҳрию ноҳиявии «Обуна-2018»-ро таъсис дода, ба фаъолияти мутасаддиёни маъракаи обуна шароити мусоид фароҳам оваранд;

- обунаи шахсӣ, дастҷамъона ва идоравиро дар ҳамаи корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва фаъолияти хоҷагидориашон васеъ ба роҳ монда, барои дар соли 2018 ҳарчӣ бештар намудани шумораи муштариёни рўзномаю маҷаллаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд;

- дар доираи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон обунаи сохторҳои соҳаи маориф ва илм, китобхонаву муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, марказҳои ҷавонон, мактаб-парваришгоҳҳо, марказҳои солимгардонии калонсолон, қисмҳои ҳарбӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, бошишгоҳҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқониро бо матбуоти даврӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор ҳал намоянд.

5. Шўъбаҳои иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муассисаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикматбуот» дар вилояти Суғд якҷоя бо роҳбарияти идораи рўзномаҳои вилоятӣ, нашрияҳои соҳавӣ, мухбирони махсуси рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ дар вилоят барои муташаккилона гузаронидани маъракаи «Обуна-2018» тадбирҳо андешанд.

6. Роҳбарони шўъбаю бахшҳо, идораю раёсат ва дигар воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рафти маъракаи обуна ба рўзномаю маҷаллаҳоро зери назорати бевоситаи худ гиранд.

7. Сармуҳаррирони рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» ва мухбирони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар вилоят баҳри ба табъу завқи хонандагон мувофиқ намудани маводи чопии нашрияҳо ва тарғиби маъракаи обунаи соли 2018 чораҳои мушаххас андешанд.

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони шўъбаю идораҳо, кумитаҳо ва дигар сохторҳои марбута оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳар 20 рўз ба унвони Ситоди вилоятии «Обуна-2018» маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.

9. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 августи соли 2016, № 388 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ барои соли 2017» аз эътибор соқит дониста шавад.

10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.