Қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 августи соли 2017, № 342

Дар бораи гузаронидани Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017”

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. аз 20 июни соли 2017, №6/278, қарор мекунам:

1. Моҳи октябри соли 2017 Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2017» гузаронида шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома, нақшаи чорабиниҳо, харҷнома ва ҳайати ҳакамони Фестивал тасдиқ карда шаванд.

3. Раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ», шўъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, энергетика ва саноат барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ, истеҳсоли матоъҳои атласу адрас тадбирҳо андешида, дар доираи баргузор намудани Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2017» ташкил ва ба намоиш гузоштани беҳтарин либосҳои миллиро ба роҳ монанд.

4. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супорида шавад, ки барномаи фарҳангии Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2017»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати мақсаднок ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври аввали Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2017» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супурда шавад, ки хароҷотро вобаста ба ташкил ва гузаронидани Фестивали номбурда аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар соли 2017 пешбинишудаи Раёсат пардохт намуда, истифодаи мақсаднок ва босамари маблағҳои буҷетиро таъмин намояд.

7. Шўъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, Идораи рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» ва маҷаллаи «Паёми Суғд» оид ба тарғиби истеҳсол ва дўхти либос аз матоъҳои атлас ва адрас, нақши матои атласу адрас дар фарҳанги либоси миллӣ барномаву маводҳои ҷолиб таҳия ва нашр намоянд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А., Файзуллозода З.Қ. ва Яъқубӣ А. вогузор карда шавад.