БА ДӮСТИВУ ҲАМСОЯГИАМОН ОСЕБ НАРАСАД!

Воқеаҳои бегоҳи рӯзи 16-уми сентябр дар ҳудуди сарҳадии Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мавзеи наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон касро беихтиёр ба олами андешаи амиқ мекашад. Мегӯянд, баҳси миёни тоҷикону қирғизҳо асосан дар масъалаи замину об ба миён меояд. Охир ин масъалаҳо наход роҳи ҳалли мусолиҳатомезро надошта бошанд?! Дирӯзакак роҳбарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати муаммои наздисарҳадӣ гуфтушунид намуда, ба мувофиқа омада буданд.

Чунонки медонем, қирғизҳо дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маънои пуррааш озодона, бе ягон мамониат гаштугузор менамоянд, барои рӯзгорашон харид мекунанд, дар беморхонаву осоишгоҳҳо табобат мегиранд.

Дар беморхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба қавле, хеле бисёр намояндагони миллати қирғиз бистарӣ мешаванду табобат мегиранд. Мароқ зоҳир кардам, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вазъ чигуна бошад? Чунки ин ноҳия бо ноҳияи Лайлак ва Исфанаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

Муовини сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ Алишер Абдукаримов иброз дошт, давоми ҳашт моҳи соли равон беш аз панҷоҳ нафар сокинони ноҳияи Лайлак ва Исфана дар беморхонаи ноҳиявӣ ва «Ғӯлакандоз» бистарӣ гардида, табобат гирифтаанд. Имрӯз бошад, 5-6 нафар дар шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи ноҳиявӣ бистарианд.

-Аз деҳаи Қӯрғончаи Ҷамоати деҳоти ҳаёти нави ноҳия то Исфана ҳамагӣ 20 километр изофатар роҳ аст. Ҷамоатҳои деҳоти Маданият ва Ӯзбекқишлок бо ноҳияи Лайлак ҳамсарҳаданд. Аз ин ноҳияҳо ҳар сол даҳҳо нафар сокинон дар беморхонаи ноҳиявӣ табобат мегиранд, ҳатто аз ҳисоби табибони тоҷик духтурони оилавии худро интихоб намудаанд,-мегӯяд Алишер Абдукаримов.

Ягон маротиба байни тоҷикону қирғизҳо нофаҳмиро эҳсос накардаам, дар деҳаҳои ноҳия қирғизҳо хешу таборон доранд, ба тӯю маъракаҳояшон меҳмон шуда меоянд. Сокинони ноҳия низ ба тӯйҳои онҳо ширкат мекунанд, ҳатто, ҳофизони қирғизро ба тӯяшон даъват менамоянд.

Суханони муовини сардухтури ноҳия маро ба андеша водор месозад. Модом, ки муддати солиёни зиёд чунин вазъи ҳамзистии осоишта давом дорад, чаро онро бо баҳонаҳои ночиз халалдор созем?! Вақте ки ба муросову мадорову муомилаи хушу гуфтушунид ҳамеша маврид ҳаст. Мо, тоҷикону қирғизҳо бо амри тақдир ҳамсояи девордармиёнем. Ва ҳаққи ҳамсоягиро мебояд пос дошту риоя намуд.

Р.НАЗАРОВА

Add comment


Security code
Refresh