Об ибтидои зиндагист!

 

 

 

Об манбаи асосии ҳаёт, сабаби ҳастии одамӣ, наботот, ҳайвонот ва асли бақову пойдории зиндагӣ ва табиат аст. Об неъмати бебаҳову муқаддасест, ки таровату зебоӣ ва сарсабзиву нишоти зиндагӣ аз он вобаста аст.  

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро сазовор буда, дар миқёси давлатҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз Федератсияи Россия дар мақоми дуюм қарор дорад. Захираи оби тоза дар кишвар дар рӯдхонаҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва пиряхҳо ҷамъ шудааст. Ҳастии ҳайвоноту наботот, инсоният, ҳама ба об вобастагӣ дорад.

Обҳои маъданиву шифобахши кишвар Хоҷа Обигарм, Гармчашма, Ҳавотоғ ва ғайраҳо шӯҳрати оламшумул доранд. Ҷумҳурии мо аз об бой буда, ҳазорҳо пирях, 155 кӯл, даҳҳо чашмаҳои шифобахш ва обанборҳои зиёд дорад. Мо, тоҷикистониён бояд, аз серобии сарзамини азизамон бифахрем.

Соли 2018 аз ҷониби бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили тоҷикони ҷаҳон суруру фараҳмандӣ бахшид. Маҳз, бо ибтикори Пешвои миллат Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардида, аз ҷониби 192 давлати дунё эътироф карда шуд, ки мо аз он ифтихормандем.

Зебинисо Пӯлотова,
шаҳри Панҷакент

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh