ГАНҶОБОД: МУАММОҲО КАЙ ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАНД?

Соли 2016 - ум ҷашни Наврӯзи оламафрӯз барои сокинони Ҷамоати деҳоти Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ воқеан басо рӯзҳои идонаву пур аз фараҳу шодӣ маҳсуб меёфт, чун дар он рӯзҳо ҷиҳати бунёди шаҳраки Ганҷобод (қаблан Меҳробод) санги асос гузошта шуда буд.

Дар хусуси ҷараёни корҳои сохтмониву ободонӣ дар рӯзнома маводи зиёде ба табъ расидааст. Зимни боздиди сафари охиронамон ба ин шаҳрак, ки тақрибан оғози соли 2017 сурат гирифта буд, шаҳрак мавзеи ноободу беодамро мемонду шумораи хоҷагиҳои кӯчидаомада хеле кам буд. Он замон мардум аз норасоии оби нӯшокӣ, маҳдудияти барқ ва набудани мактабу кӯдакистон нигаронӣ доштанд.

Айни замон вазъи бунёди шаҳрак дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё муаммоҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфтаанд? Баҳри посух гирифтан ба ин суолҳо роҳ сӯи шаҳраки Ганҷободи ноҳия гирифтем.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки нақшаи кулли шаҳраки Ганҷобод аз тарафи корхонаи лоиҳакашии “Суғдшаҳрофар” таҳия шуда, дар он бунёди 3 мактаб, 1 беморхонаи марказӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ, идораи маъмурӣ, 3 боғчаи бачагона, 8 бинои баландошёна, меҳмонхона, бозор, марказҳои хизматрасонӣ, чойхона, варзишгоҳҳо, ҳаммом ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ, ба монанди хатҳои оби нӯшокӣ, сохтмони ҳавзи обтаъминкунӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб, биноҳои ёрирасон, роҳҳо ва чароғонкунӣ бо назардошти санъати баланди меъмории миллӣ ва санъатҳои шаҳрсозию шаҳрдории халқи тоҷик ба назар гирифта шудаанд.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, дар марҳалаи аввал дар шаҳрак бо гузаронидани хатти оби нӯшокӣ аз лӯлаҳои полиэтилении дар масофаи 4500 метр, бунёди 2 чоҳи амудӣ, пойгоҳи обкашӣ ва обанбори дорои ду ҳавзи обзахиракунии ғунҷоишаш 1000 метри мукааб ва биноҳои ёрирасон барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Оид ба корҳои бунёдкориву ободонии шаҳраки Ганҷобод муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Солеҳиён Шавкат Ҳалимӣ маълумот дода, афзуд, ки айни ҳол дар шаҳрак 280 хоҷагӣ зиндагӣ доранд.

- Таъминот бо оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ қисман ҳалли худро ёфтааст. Тибқи нақша - чорабиниҳо бинои мактаби асосӣ, ки барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст, то ҷашни Ваҳдати миллӣ, соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.

Вақте вориди шаҳрак шудем, шоҳиди куллан тағйир ёфтани он гаштем. Шумори ҳавлиҳо бо тарҳу сохти замонавӣ ба маротиб афзудааст. Дарахтони сояафкан низ дар қадди кӯчаҳои асосӣ қомат афрохта, ба намуди шаҳрак ҳусни наверо зам кардаанд. Ин худ шаҳодат медиҳад, ки мардум бо азму ғайрати хосса меҳнати суботкорона доранд, ки Ганҷобод боз обод гардад, вале ….

Ҳини суҳбат сокини шаҳрак, ки аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард, гуфт, ки ҳанӯз соли 2017 - ум ба ин мавзеъ кӯчида омадааст. Ӯ аз он шод аст, ки барои сокинони ноҳия аз чунин макони ҳамвору хуб замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст. Ӯ аз чанд муаммои ҷойдоштаи шаҳрак, ки таи чанд сол инҷониб роҳи ҳалли худро наёфтааст, изҳори нигаронӣ кард.

- Мушкилоти асосии маҳал танқисии оби нӯшокӣ ва мавҷуд набудани нерӯи барқ мебошад. Қубурҳои об то маҳалли истиқоматиамон нарафтааст, бинобар ин ҳар рӯз обро бо хару аробаҳо мекашонем. Аз ҷиҳати нерӯи барқ низ азият мекашем, то манзилам аз маблағи худ ноқил кашида омада будам, вале дар торикии шаб равшан кардани як лампа ғайриимкон аст. Аз васлу истифодаи таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла яхдону телевизор тамоман ҳоҷати сухан кардан нест, - бо шиква изҳор дошт ӯ.

Сокинони дигар низ сухани ӯро тақвият бахшида, изҳор доштанд, ки бобати ин масъала борҳо ба мақомоти маҳаллӣ ва масъулини дахлдор муроҷиат кардаанд, лекин то ҳол ин муаммо боқӣ мондааст.

Воқеан, зимни азназаргузаронии ин мавзеъ дар гирду атроф худ дидем, ки занону кӯдакон бо зарфҳои гуногун об мекашонанд.

Сокини дигари шаҳраки навбунёд, ки худро Илҳом муаррифӣ кард, дар хусуси набудани мактабу кӯдакистон ҳарф зад:

 - Мушкилоти дигари сокинони маҳал набудани мактаб аст. Фарзандони мо барои таҳсил кардан роҳи дурро пиёда бояд раванд, ки дар фасли гармову ҳам сармо басо хавфнок аст, - мегӯяд ӯ.

Ба гуфти сокинони шаҳрак, ашхосе, ки аз ин минтақа соҳиби қитъаҳои наздиҳавлигӣ шудаанд, маҳз бунёди мактабро интизоранд. Мехоҳанд, ки фарзандонашон дар наздашон бошанду бе мушкилот таҳсил намоянд.

- Ҳарчанд чанд сол пеш ҳамроҳи оилаам ба ин ҷо кӯчида омадем, фарзандонам барои бо таҳсил фарогир шудан ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омаданд. Зеро барои ба мактаби наздиктарин рафтан фарзандонамон бояд қариб 4 километр роҳро тай кунанд. Аз ин боис, ҳоло ду фарзандам ҳангоми таҳсил дар ҳавлии падару модарам зиндагӣ менамоянд. Ақаллан дар ин мавзеъ нақлиёти мусофиркашонӣ ташкил шавад, хуб мебуд, - иброз дошт мавсуф.

Бино ба гуфти масъулини соҳа, сохтмони мактаб дар ин мавзеъ оғоз шудааст, вале чун мо ба ҷойи сохтмон ҳозир шудем, сохтмон истодаву аз сохтмончиён дараке набуд.

Доир ба рафти бунёди мактаб ва ба таъхир гузошта шудани он аз намояндаи Ҷамоати деҳоти Суғдиён Муллораҷаб Ҳоҷиев пурсон шудем. Номбурда гуфт, ки бинобар набудани маблағ алҳол сохтмони мактаб ба таъхир гузошта шудааст. Дар ҳолати дастрас шудани маблағ сохтмон идома хоҳад ёфт.

Ҳарчанд дар шаҳрак муаммо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале намои он аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинон бо ҷидду ҷаҳд баҳри ободии мавзеи истиқоматиашон саъй карда истодаанд, ки қад афрохтани ҳавлиҳои боҳашамат тасдиқи ин гуфтаҳост.

Бовар дорем, ки дар сурати сохта, ба истифода додани иншооти ҳаётан муҳим, аз қабили бунгоҳи тиббӣ, мактабу боғчаи бачагона ва таъмини онҳо бо инфрасохтори зарурӣ мардум пурра ба хонаҳои навбуёди хеш кӯч баста, шаҳрак ободу таровати зебо хоҳад гирифт. Мардум умед бар он доранд, ки то ҷашни 23 - солагии Ваҳдати миллӣ, ки он бо иштироки меҳмонони олиқадр дар ноҳия ­­­­сурат мегирад, муаммоҳои ҷойдошта роҳи ҳалли хешро меёбанду Ганҷобод боз ҳам ободу зебо мегардад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд – Мастчоҳ – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh