Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара

Санаи 17 – уми октябри соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори маҷлисгоҳи шаҳрӣ қабули шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти шаҳр ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара иштирок доштанд.

Қабл аз оғози қабули шаҳрвандон Раиси вилоят таъкид дошт, ки ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти вилоят дар шаҳру ноҳияҳо тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, яке аз ҷузъҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбад.

То ин дам аз ҷониби Раиси вилоят қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Айнӣ ва Ашт баргузор гардида, ба ҳалли як қатор муаммоҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти мардум мусоидат намуд.

Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон 35 нафар сокини шаҳри Исфара бо 29 масъала ба Раиси вилоят муроҷиат карданд. Мӯҳтавои асосии муроҷиати шаҳрвандонро масъалаҳои рӯзмарра, аз қабили баҳси замин, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, танқисии оби полезӣ ва нӯшокӣ, мусоидат ҷиҳати мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳо, кӯмаки моддӣ ва амсоли инҳо ташкил медоданд.

- Аксари ин арзу шикоятҳо бояд бидуни дахолати мақомоти болоӣ, бевосита дар шаҳри Исфара, яъне аз ҷониби раисони ҷамоатҳо, роҳбарияти шаҳр ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳрӣ ҳаллу баррасӣ мегардиданд, - таъкид дошт Раиси вилоят. Зикр бояд дошт, ки давоми 9 моҳи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 208 муроҷиати сокинони шаҳри Исфара, аз ҷумла 43 шифоҳӣ ва 163 хаттӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 3 ҳазору 130 муроҷиат, аз ҷумла 2 ҳазору 838 хаттӣ ва 292 шифоҳӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бештари муроҷиатҳо ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навгилем, Чоркӯҳ, Кӯлканд, Чилгазӣ ва Шӯроб тааллуқ доранд.

- Ҳолати мазкур гувоҳи он аст, ки дар шаҳри Исфара, хусусан дар шаҳраку деҳоти зикршуда ҳанӯз ҳам масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданд ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон қаноатбахш нест, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ дастур дода шуд, ки ба масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдоштаи сокинон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”


Add comment


Security code
Refresh