Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнат Толиб Гиёев ва Бобо Мирзоевро аёдат кард.

Бояд гуфт, ки Толиб Гиёеви 87 сола ва Бобо Мирзоеви 72 сола собиқадорони соҳаи кишоварзӣ буда, солҳои дароз барои рушди соҳа заҳмат кашидаанд. Хизматҳои шоёни пирони рӯзгор бо ордену мукофотҳои гуногун қадршиносӣ шуда, эшон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан  дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагӣ доранд.

Зимни суҳбат бо мӯйсафедони нуронӣ Раиси вилоят таъкид кард, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорон хабар гирифта, ба онҳо кӯмак мерасонад.

Аёдатшудагон аз ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh