ҲАДАФ - БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  барои кормандони соҳаи маорифи вилоят дар мавзӯи “Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори маҷлисгоҳи “Длюкс” тренинг доир намуд.

Чорабиниро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Хуршед Саидов ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ба мардум расонидани арзишҳои ҳифзи муҳити зист мебошад.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” Икромҷон Мамадов дар бораи Конвенсияи Орхус ва ҳадафҳои он ҳарф зада, қайд намуд, ки Конвенсиям мазкур соли 1998 дар шаҳри Орхуси кишвари Дания ба мувофиқа расида, мақсади он сарҷамъ намудани давлатҳо барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июли соли 2001 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуда, то имрӯз фаъолияти бомаром дорад. Дар умум Конвенсияи Орхус дар се самт   - дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо вобаста ба навъҳои мушахасси фаъолият ва дастрасии адолати судӣ ҳадафҳои худро роҳандозӣ мекунад.

Дар рафти тренинг таъкид гардид, ки зимни бунёди корхонаҳои саноатӣ бояд фикри аҳолӣ ба инобат гирифта шавад, зеро бунёди онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад.

Дар рафти суҳбат омӯзгорон қайд намуданд, ки барои тозаву озода нигаҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо зарурати ҷорӣ намудани таълими фанни маърифати экологӣ бар манфиати кор аст.

Тренинг бо ҷамъбасти таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон анҷом ёфт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Add comment


Security code
Refresh