ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Конститутсия волотарин дастоварди давлату миллат аст, ки маҳз баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омададаст. Ин ҳуҷҷати муҳим Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, ба оламиён шарҳ дод, ки Тоҷикистон давлати мустақил мебошад. Дар вақти таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи зану мард, падару модар ва тарбияи фарзандон эътибори махсус дода шудааст.

Афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар боби ҳаштуми он зикр ёфтааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Бояд ҳаминро зикр намоем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа, ҳадаф ва орзуи деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Меъёрҳои он ба ташаккули соҳаҳои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории кишвар мусоидат намуда, дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ мавқеи назаррас доранд. Мавқеи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузории кишвар басо муҳим ва аввалиндараҷа аст. Зеро таҳкурсии тамоми қонунҳо ва заминаи пайдоиши соҳаҳои ҳуқуқ аз меъёрҳои Конститутсия вобастагӣ дорад.

Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар хусусиятҳояш аз конститутсияҳои пешинаи кишвар фарқ мекунад.

Масалан, меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуд, сиёсати сулҳҷӯёнаро бо дигар давлатҳо муайян кард, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ эътироф гардид ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дод.

Мо хуб медонем, ки ҳар моддаи Конститутсия манфиати мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Саидзода Илҳом Ҳамид,
раиси Суди шаҳри Конибодом,
Умедҷон Ҳомидзода Абдувоҳидӣ,
судяи Суди шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh