Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили чанде аз барқарқароркунандагони сохти конститусионии мамлакатро рафта, онҳоро аёдат намуда, эшонро ба муносибати 25 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз аз аҳволи иҷтимоии хонаводаи Икром Пӯлотов ва Баҳодур Абдураҳимов шинос шуда, саҳми онҳоро дар барқароркунии сохти конститусионии мамлакат ва таъмини амният дар солҳои ба ҳамагон маълум ишни мардонагь ва шуҷоатмандӣ маънидод карда, намунаи беҳтарини мактаби ҷавонмардӣ барои насли ҷавон унвон намуд.

Роҳбари вилоят зимни табрикоти 25 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

Икром Пӯлотов ва Баҳодур Абдураҳимов барқароркунии сохти конститусионии мамлакат аз ин таваҷҷуҳу самимият фараҳманд гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh