ТАНЗИМ - САРЧАШМАИ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Тибқи муқаррарот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Санаи 23 – юми августи соли 2017 тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна бояд дар ҳалқаи хешу табор бидуни даъвати санъаткорон доир шавад.

Бар асоси тағйироти қабулшуда, забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маъракаҳои азодорӣ, бо шумули ҳафту чил ва сол манъ шуда, маросими тӯйи хатнаи кӯдакон бидуни даъвати санъаткорон баргузор карда мешавад. Оё мардум имрӯз аз рӯи қонун амал намуда истодаанд? Дар ин хусус бо Сӯҳроб Рустамзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилоят суҳбате доир намудем, ки фишурдаи онро манзур менамоем.

- Сӯҳроб Рустамзода, оё имрӯз маъракаҳо мувофиқи қонуни амалкунанда мегузаранд?

- Хушбахтона, имрӯз мардуми бомаърифат ва бофарҳанг дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми муқарраргардидаро роҳандозӣ карда истодааст. Баробари чунин пешравиҳо то ҳол аз тарафи баъзе шахсиятҳо қонуншиканӣ дида мешавад, ки аз расму оинҳои миллӣ бархурдории маҳдуд доранд.

Ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун муҳим, саривақтӣ ва ба замон мувофиқ буда, он дар доираи маъракаҳои тӯю мотамдорӣ ба низом дароварда шуд. Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилоят теъдоди тӯю маросимҳои баргузоргардида дар шаҳру ноҳияҳо 16562 адад буда, маблағи хароҷот барои ҳар як маърака ба ҳисоби миёна ба 5155 сомонӣ рост меояд.

- Дар кадом шаҳру ноҳияҳо бештар қонуншиканӣ дида мешавад?

- Қонун асосан барои камхарҷ ва сарфакорона гузаронидани маъракаҳо, инчунин аз байн бурдани тӯю маросимҳои дабдабанок нигаронида шуда бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби баъзе сокинон то кунун қонуншиканӣ вуҷуд дорад. Дар вилоят 132 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бештар дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара, Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов дида мешавад.

Хуб аст, ки имрӯз хароҷоти зиёд байни мардум кам гардида, сокинон бо қисми маблағи сарфакардаашон фарзандонашонро хонондаву соҳибмаърифат гардонида истодаанд. Дар ин замони пешрафти босуръати техникаву технология наврасону ҷавонон аз илму донишҳои замонавӣ бархурдор буда, дар зиндагӣ роҳи дурусти хешро пеш гирифта истодаанд. Аз ин рӯ, риояи он барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

- Хизматрасониҳои маишӣ ба талаботи қонун ҷавобгӯянд?

- Алҳол, дар асоси нақшаи муштараки шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади санҷиши рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯйхона, қаҳвахона, тарабхона ва маҳаллаҳо баргузории тӯю маъракаҳо корҳои назоративу санҷишӣ вусъат ёфтааст.

Аз ҷониби гуруҳи корӣ - кормандони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳангоми гузаронидани азназаргузаронӣ дар тӯйхонаву тарабхонаҳо муайян шуд, ки бархе аз шаҳрвандон маросими домодталабон ва арӯсбинонро бо иштироки зиёда аз 35 нафар меҳмон доир намуда истодаанд, ки ин ҳолат хилофи талабот, қонун мебошад.

Тибқи талаботи «Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад». Ин банди қонун аз ҷониби бархе аз роҳбарон ва маъмурияти тӯйхонаву тарабхонаҳо, мутаассифона, дидаву дониста, муқаррароти қонун вайрон карда мешавад.

Аз қабули қонуни танзим, ки он қонуни миллӣ мебошад, 12 сол сипарӣ гардид. Он манбаи сарфаву сариштакорӣ дар оила ва рӯзгор буда, риояи он барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ ва зарур аст!

- Ташаккур, барои суҳбати самимӣ!

Суҳбаторо

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh