Ҳадаф – омӯзиши маҳорати ҳарбӣ

Бахшида ба 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд мусобиқаи варзишӣ байни сарбозон баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими маҳорати варзишию ҳарбӣ, тарғиби ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ доир шуд.

Аз ҷумла, чунин мусобиқа аз рӯи намудҳои варзиши волейбол тирпарронӣ ва гӯштини миллӣ дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиа дар ноҳияи Ашт дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Бино ба иттилои масъулин, дар мусобиқа сарбозон Б.Чиллаев, Р. Ҷалилов ва Х.Бобомуродзода ғолибият ба даст оварда, барои ширкати фаъолона ва дастоварди беҳтарини варзишӣ бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Воқеан ҳам қарзи ҳар як сарбози ҳақиқӣ омӯзиши маҳорати ҳарбӣ, ҳифз карда тавонистани Ватан ва ғолиб омадан мебошад.

Минбаъд низ дар қисми ҳарбии мазкур чунин мусобиқаҳои варзишӣ доир хоҳанд шуд, ки ба таҳкими дӯстию рафоқат ва солимию бардамии сарбозон мусоидат менамояд.

Инъом Қӯчқоров,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh