Тафовут ва умумияти мушкилоти хонаводагӣ дар оилаҳои ҷавони Тоҷикистон ва Ӯзбекистони муосир

Дар оилаҳои тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонӣ бисёр урфу одат ва анъаноти нек роиҷанд, ки асрҳо чун суннат аз насл ба насл гузаштаанд. Ин суннатҳои муштараки тоҷику ӯзбек дар асоси ҳамзистӣ такмил ёфта, дар ҳунару ҳунармандӣ, илму фарҳанг, кишоварзӣ, боғдорӣ, санъат, меъморӣ ва ғайра инъикоси худро ёфтаанд. Метавон гуфт, ки дар бегазанд нигоҳ доштан ва интиқол ёфтани анъаноти мардумиву миллии ин ду халқият нақши хонавода хеле муассир аст.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон фарҳанги оиладорӣ марҳала ба марҳала таҷдиду такомул ёфта, дар ҳифз ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ қадами устувор гузошта шуд.

Ин дигаргуниҳо саволеро ба миён меорад, ки дар меҳвари оилаҳои ин ду халқият кадом муқаддасот қарор гирифтааст? Мушкилоти аслии хонаводагӣ дар чӣ зуҳур меёбад? Сабабҳои сар задани низои хонаводагӣ дар чист? Дар даврони соҳибистиқлолӣ кадом унсурҳо дар оиладорӣ пайдо гаштанд ва ғайра.

Бархе аз ҷавонон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистони муосир на ҳамаи урфу одатҳоро қабул доранд. Аммо одамони солдида бо тамоми ихлос ва муҳаббат онро ба иҷро расонида, даъват ба амал меоранд, ки ҷавонон барои бегазанд мондани урфу одат саъю талош намоянд. Дар хонаводаи тоҷик ва ӯзбек ҳангоми ба синну соли никоҳ расидани фарзандон волидон дар бораи пайдо кардани ҷуфти муносиб фикр мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо мустақилона ба ҳаёти ояндаи онон дахл намуда, аз пайи ёфтани арӯс мешаванд. Дар ҳарду кишвар баъзе унсурҳои нав пайдо гаштаанд, ки ба масоили иқтисодӣ дар пайванданд. Вале, боз ҳамон анъанаи суннатӣ, яъне ҷустуҷӯи арӯси хуб ва ё баръакс домоди муносиб аз оилаи хуб роиҷ аст.

Дар ин ду кишвар асосан занҳо ба хостгорӣ мераванд. Зеро ақида доранд, ки бо ҳамдигар унс гирифтани занон, яъне модари домоду арӯс, дар роҳи мустаҳкаму пойдор гардидани оилаҳои ҷавон таъсири амиқ мегузорад. Бо ризоияти тарафайн маросимҳои зарурӣ иҷро шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ рӯзи тӯй таъйин мегардад. Дар тӯй хешовандони домоду арӯс ширкат варзида, шодиву хурсандӣ мекунанд. Дар ин маросими оилаҳои Ӯзбекистон зиёда аз 300 нафар ҷамъ мешаванд, аммо ин ҳолат тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон на зиёда аз 150 нафарро ташкил медиҳад. Метавон зикр кард, ки бо қонунгузорӣ ба меъёри муайян ворид намудани иштирокдорон дар тӯйи арӯсию домодӣ боиси пешгирии харҷи зиёд ва исрофкориву худнамоишдиҳӣ гардид.

Солҳои охир дар баробари бунёд ва пойдории оилаҳои солим муаммоҳое аз қабили моҷаро ва хушунати оилавӣ, пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушоҳида гардиданд.

Тибқи нишондоди таҳлилгарони ҳарду кишвар аз ҷиҳати риоя нагаштани принсипҳои таҳсилоти тарафайн, набудани суботи иқтисодӣ ва аҳаммият надодан ба тарзи ҳаёти солим оилаҳо аз байн мераванд. Агар оилаҳои ҷавон таҳсилдида бошанд, бо донишҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, тиббӣ, дунявӣ ва динӣ мусаллаҳ гашта, барои беҳтар намудани пояи иқтисодии оила ва риояи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус равона месозанд. Чун аъзои оила бо дарки қобили меҳнат, имконот ва тақсимоти даромад, таъминоти босамари моддӣ ва ғайра принсипи суботи иқтисодиро бо назардошти сифати ахлоқ, тавонмандии ҷисмонӣ, эҷод ва созандагӣ, солимии репродуктивӣ, омӯзиши фарҳанг ба роҳ монанд, оила гирифтори муаммо ва мушкилот намегардад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки бештари оилаҳои ҷавони Тоҷикистон ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мебошанд. Нофаҳмиҳо дар оила, нуқтаи назари фарқкунанда доштан ба ҳаёти оилавӣ, яъне номувофиқ будани миҷоз, беҳурматӣ нисбат ба ҳамдигар ва хешу таборон, худпарастӣ, дахолати аъзои оила ва хешовандон, ҳисси нобоварӣ, хиёнати ҳамсар, хастагӣ, дузанагӣ, манъкунӣ (маҷбур намудани иҷрои рукнҳои динӣ) ва ҳисси бадбинию қасосгирӣ мушкилоти аслӣ ба шумор мераванд. Дар Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти хонаводагӣ як қатор барномаҳои судманд ба роҳ монда шудаанд, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба бор меоварад.

Муаммоҳои мазкури оилаҳои тоҷик дар оилаҳои ӯзбек низ вуҷуд дошта, дар ин кишвар мушкилоти хонаводагӣ ба иқтисод, яъне нокифоя будани маблағ вобаста дониста мешавад. Сарфу харҷи барзиёди туйи арӯсиву домодӣ, бекорӣ, кам будани музди маош (дар як қисми аҳолӣ) дар оилаҳо мушкилот ба вуҷуд меоваранд. Барои ҳалли ин қазия аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон дастури “Ҳар оила тадбир” соли 2018 таҳия шудааст, ки мақсади он фароҳам овардани шароит ва бартараф намудани мушкилоти хонаводагӣ мебошад. Тибқи ин дастур аз ҷониби бонкҳо ба шаҳрвандон дар роҳи беҳтар намудани шароити оилавӣ, аз қабили қарзҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои тадбиркорӣ (чорводорӣ, мурғпарварӣ, гармхонасозӣ ва ғайра) имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Мушкилоти дигари баъзе аз сокинони ин ду кишвар дар тӯю оиладорӣ аз ҳад зиёд тобеи хурофот будан ва худнамоиву исрофкорӣ аст. Ин муамморо дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешгирӣ ва рафъ кардан мумкин аст. Дар бархе оилаҳои Ӯзбекистон марҳала ба марҳала унсурҳои бегона ё худ эҷоди маросимҳои нав, аз қабили харидории туҳфаи қимматбаҳо ва ҳадяи хона ба мушоҳида мерасад, ки минбаъд метавонад ба солимии оилаҳои ҷавон халал ворид созад.

Падидаи мусбате, ки дар заминаи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳолӣ ба вуҷуд омад, роҳ надодан ба издивоҷи хешовандист. Тибқи талаботи ҳуқуқӣ бастани никоҳи хешутаборӣ манъ гардидааст, ки ин тадбир барои пешгирии таваллуди фарзандони нуқсондор заминаи асосӣ гузошт.

Ҳарчанд аксари аҳолии Ӯзбекистон нисбат ба издивоҷи хешовандӣ нигоҳи манфӣ доранд, мутаассифона, ин ҳолат тибқи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ин кишвар манъ нагаштааст.

Масъалаи дигаре, ки оилаҳои Ӯзбекистони муосир ба он хушбинанд, ташхиси тиббӣ пеш аз хонадоршавӣ мебошад. Дар Тоҷикистон чандест, ки ташхиси ҳатмии тиббӣ барои барпо кардани оила ба роҳ монда шудаааст. Ин амал метавонад дар ҳарду кишвар барои пешгирии баъзе аз низоъҳо ва огоҳӣ аз вазъи саломатии ҳамдигар мусоидат намояд.

Таҳлилгарони масоили хонаводагӣ дар Тоҷикистон бар он назаранд, ки сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои тоҷикистонӣ носозгории хулқу хӯ, ақидаҳо, принсипҳои ҳаётӣ, ноомодагии ҷавонон ба оиладорӣ ва надонистани тарзи оиладорӣ, истифодаи машрубот ё маводи мухаддир, хиёнату бевафоӣ, надонистани ҳуқуқ ва ӯҳдадории оилавӣ, нарасидани маблағи зарурӣ барои таъмини оила, набудани фарзанд, дахолати манфии волидон, шароити бади манзил, мушкилоти иқтисодии хонавода ва ғайра мебошанд. 

Омилҳои асосии ба миён омадани низоъ дар таҳсил накардани ҷавонон, наомӯхтани касбу ҳунар, беэҳтиромӣ ба волидон, калонсолон, ноогоҳӣ аз муносибатҳои хонаводагӣ ва одоби муошират, пастиву баландии рӯзгор ва дигар масъалаҳои ҳаёти мустақилона, зоҳир мешаванд, ки ин ҳама ба хонавайронӣ расонида, таъсири манфиаш аз ҳама бештар ба худи ҷавонон хоҳад буд.

Барои муайян намудани сабабҳои сар задани низоъ байни ҷавонон ва барҳамхӯрии оилаҳои ҷавони тоҷикистонӣ пурсиши афкор дар доираи мавзӯи «Сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз нигоҳи ҷавонон» гузаронида шуд ва ҷавобҳои онҳо аз тарафи мутахассисон – равоншиносон таҳлил гардиданд. Натиҷаи таҳлилҳо чунин буд: хонадоршавии барвақт – 26 фоиз; муросо накардан бо модаршӯ – 22 фоиз; муносибати тарафайн – 18,0 фоиз; тафаккури пасти ҷавонон – 9 фоиз; зӯроварӣ дар оила – 6,7 фоиз; маҷбуран хонадоршавӣ – 5,5 фоиз; шабакаи интернет ва телефони мобилӣ – 5,6 фоиз; шароити иқтисодӣ-иҷтимоӣ – 3,8 фоиз; хиёнат – 2 фоиз; муҳоҷирати меҳнатӣ – 1,9 фоиз.

Маълумоти оморӣ тасдиқ менамояд, ки 42 фоиз-и ҳолати муроҷиати шаҳрвандони тоҷик ба ёрии тиббӣ низои ҳамсарон ташкил медиҳанд. Сабабҳои муноқишаҳо бештар ба моликият (ҳавлӣ, ҳуҷра, бӯстонсарой, замини наздиҳавлигӣ, чизҳои қиматбаҳо, мошин ва ғайра), никоҳи маҷбурӣ, надоштани маблағ ва ғайра вобастагии қавӣ дорад.

Паҷӯҳишҳои Маркази илмӣ-тадқиқотии “Оила”-и Ӯзбекистон нишон медиҳанд, ки  риоя нагаштани одоби муошират ва ҳамдигарфаҳмӣ, истеъмоли машрубот, сустиродагӣ, сустшавии мавқеи мард дар оила, масъулиятгурезӣ ва ғайра сабабҳои аз байн рафтани оилаҳо дар ин кишвар гардидааст. Ҳамчунин зудхонадоршавӣ (бетаҷрибаи зиндагӣ, дар 17-18 солагӣ), рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатӣ, никоҳи хешутаборӣ ва таваллуди фарзанди носолим яке аз муаммои муҳими рӯз ба шумор мераванд. Ҳамдигарнофаҳмӣ, худпарастӣ, риоя нашудани ҳуқуқҳои тарафайн, истисмор, беэътиноӣ ба аъзои оила боиси муноқиша гардида, натиҷаи ҷуброннопазирро ба вуҷуд овардааст. 

Таҷрибаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд нишон медиҳад, ки ҳисси нобоварию бадбинӣ дар оила байни зану шавҳар низоъро ба вуҷуд меорад. Дар ин ҳолат, албатта, оила чун пештара солим буда наметавонад ва дар мафкураи онҳо аллакай тарсу ҳарос, ҷустуҷӯи камбудиҳои якдигар, фишору зӯроварии рӯҳию равонӣ ва ниҳоят ҷисмонӣ падид меоянд.

Дар баъзе оилаҳои тоҷик бадрафтории рӯҳию равонӣ, ҷисмонӣ ва зери фишору латукӯбкунӣ қарор гирифтани занон аз ҷониби шавҳар натиҷаи бадеро ба миён овардааст, ки он “зӯроварӣ дар оила” ном дорад. Ин ҳол на танҳо барои занон, балки барои мардону фарзандон ҳам эҳсоси ногувор дорад. Омилҳои аслии ин мушкил вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамдигарнофаҳмии зану шавҳар, хушдоманҳо ва аъзои дигари хонавода аст.

Мутобиқи таҳқиқот дар Ӯзбекистон 16,8 фоиз-и пурсидашудагон сабаби зӯроварӣ нисбат ба занонро дар номукаммалии муносибати оиладорӣ ва хурофот дониста, 15,7 фоиз-и он ҷой доштани зӯровариро ба ҳамдигарнофаҳмии зану шавҳар пайванд додаанд. Ҳар шахси даҳуми пурсидашуда бар он ақида устуворанд, ки сабаби зӯроварӣ дар оила ба мушкилоти моддӣ пайвандӣ дорад.

Чун яке аз сабабҳои муноқишаи хонаводагӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба сатҳи иқтисоди оила вобаста мебошад, дар ин самт барои роҳнамоӣ сохтани ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои ҳадафманд андешидаанд. Чунончи, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари шаҳрвандон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва инчунин солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Ин тадбирҳо имконият ба бор оварда истодааст, ки мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҳунарҳои миллии хеш дақиқан нигоҳ андозанд ва бо ҷойи кор таъмин гарданд. Инчунин дар роҳи омода намудани духтарон ба рӯзгордорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ дарсҳои махсус, аз қабили пазандагӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, тайёр намудани хӯришҳо, нонпазӣ ва “Маърифати оиладорӣ” ҷорӣ гардидааст, ки барои ба камол расонидани насли навраси солим заминаи мусоид фароҳам месозад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастури махсуси “5 ташаббус” таҳия гардида, иҷрои он ба роҳ монда шудааст. Мақсади ин дастур қонеъ кардани эҳтиёҷоти ҷавонон дар доираи 5 ташаббус мебошад ва мувофиқи қисми панҷуми ҳамин дастур таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ дар назар дошта шудааст. Барои иҷрои дастур ихтиёрӣ ва ҳатмӣ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар деҳот барои занону духтарон муҳайё мегарданд, ки шароити оилавиро беҳтар месозад.

Рӯ овардан ба анъанаҳои миллӣ, махсусан, гузоштани ному насаби миллӣ, дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани дарсҳои саломатии репродуктивӣ ва оиладорӣ, баланд бардоштани синни барпокунии оилаҳо, ташхиси тиббӣ, илмомӯзӣ, касбазхудкунӣ ва ғайра аз унсурҳои нави оиладорӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистони даврони истиқлолият ба шумор мераванд.

Хулоса, урфу одат, анъана, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оила дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази илмӣ-тадқиқотии “Оила” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ғайра барои бастани ақди никоҳ, ба танзим даровардани муносибати хонаводагӣ, риояи ҳуқуқҳои тарафайн ва, дар маҷмӯъ, баҳри таҳкими пояҳои оиладорӣ ва рафъи мушкилоти хонаводагӣ замина мегузорад.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент, сардори Маркази
иттилоот ва таҳлилиДонишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи кадемик Бобоҷон Ғафуров,
Алишер НОРМАТОВ,
котиби матбуоти Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh