ЗИДДИ ХУШУНАТ БЕТАРАФӢ НАШОЯД!

Дар масъалаи бақои оиладорӣ, мустаҳкамии оила ва алалхусус хушунати хонаводагӣ нисбат ба зан бисёр мегӯянду ҷиҳати таҳкимаш дастуру тавсияҳо аз ҷониби бузургон, сиёсатмадорон ва, умуман, фардони рӯзгордида пешкаш мешаванд.

Мусаллам аст, ки фарзандони солиму солеҳ дар он оилаҳое тарбияву ба воя мерасанд, ки онҷо ҳамдигарфаҳмии зану мард, келину хушдоман вуҷуд дорад. Оилаи хушбахт аслан бурди танҳо як маҳалу як кӯча не, бурди ҷомеа аст, чунки ҷомеаи солиму озоду ободро маҳз фарзандони солим идора мекунанду месозанд.

Имрӯз бо беҳтар шудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ҷавонони мо низ, сарфи назар аз баъзе мушкилоти пешомада, бо дарки масъулият ба оиладориву рӯзгордорӣ муносибат мекунанд. Масъалаи хушунат дар оила ё ин ки зӯроварӣ ба занону духтарон мавзӯи доимӣ боқӣ монда, пешгирии чунин кирдор ва амали номатлуб ҳадафи асосии ҷамъият ба шумор меравад. Ояндаи кишвари соҳибтамаддун аз оилаи солим сарчашма мегирад, зеро оила ҳамчун ҷавҳари ягона дар ҳама давру замон мақому манзалати хосаеро доро аст. Ҳаёти ҳар нафар маҳз аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ, машаққату роҳаташ низ аз он ибтидо мегирад. Яъне тамоми бурду бохти мо бо оилаву оиладорӣ сахт марбут аст.

Давлат ҳамеша ҳимояи оиларо кафолат медиҳад ва дар ин самт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ қайд кардаанд: «Бунёди ҷомеаи солим дар сари оилаи солим қарор мегирад». Аз ин рӯ, насли ояндаи кишвар дар оилаи солим тарбия ёфта, бояд омили пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб гарданд. Мегӯянд, ки кӯдак дар оила чӣ гуна муносибатро бинад, дар ҳамон рӯҳия тарбия меёбад. Аз ин рӯ, волидайн ба рафтору кирдори худ бояд бештар аҳамият диҳанд. Имрӯз зани тоҷик дар пешравии ҷомеа ва оила нақши бориз дорад, аз ин лиҳоз, зан бояд дар зиндагӣ рисолати худро донаду шиносад. Мафҳуми зӯроварӣ барои инсон муаммои нав набуда, дар ҷаҳон мубориза бар зидди ин амали номатлуб бо як қувваи бузург идома дорад. Соли 1999 Созмони Милали Муттаҳид 25 - уми ноябрро расман «Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон» ба хотири куштори хоҳарон Мирабэл аз Ҷумҳурии Доминикан эълон намуда буд.

Зӯроварӣ нисбат ба зан, хоҳар, модар ва кӯдак ҷиноятест нобахшиданӣ, зеро дар натиҷаи ин кирдори ношоям сар задани ҳодисаҳои номатлуб аз қабили хонавайронӣ, худсӯзӣ, худкушӣ ва ғайра оғоз меёбад. Имрӯз мешунавем, ки нафаре даст ба худкушӣ задаю дигаре худро ба дарё ғарқ карда, ҳатто ноболиғон ҳам бо сабаби паст задани шаъну шараф, зулму таҳдид, латукӯб худро ба ҳалокат мерасонанд. Ҳукумати кишвар баҳри нобуд намудани хушунат қонуни наверо қабул карда буд, ки он «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ном дошта, аз 19 - уми марти соли 2013 мавриди амал қарор гирифтааст.

 Раёсати кор бо занон ва шуъбаҳои он дар шаҳру навоҳӣ баҳри амалӣ намудани ин қонун корҳои зиёдеро иҷро карда истодаанд. Вохӯриву мулоқот, мизҳои мудаввар бо занони ҳар минтақа доир карда, баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, сӯиқасд ба ҷони худ ва дигар омилҳои зараровар пайи хушунати хонаводагӣ ба занон кӯмак мерасонад. Занони тоҷик аз рӯи одати шарқиёна ва қонунҳои нонавиштаи хеш амал карда, ҳар гуна хушунату зӯровариро нисбат ба худу фарзандонашон таҳаммул мекунанд. Сирри худ, оила ва хешовандонро нуҳуфта медоранд ба умеди фардои нек. Баҳри пойдорӣ ва иҷрои қонуни болозикр бо қарорҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳӣ «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2014 - 2023» қарорҳо қабул ва нақша - чорабиниҳо тартиб дода шудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки сабаби тайёр набудани ҷавонон ба зиндагии якҷояи оилавӣ боиси барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон гардидаанд. – Аз маълумоти омории шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баъди ҷамъбасти нӯҳмоҳаи соли равон бармеояд, ки давоми ин муддат ақди никоҳ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон ва Ашт зиёд гардида, мутаассифона бекор кардани ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Конибодом ва Бӯстон афзудааст. Агар дар ҳамин давраи соли 2018 - ум 15 ҳазору 762 нафар оила барпо карда бошанд, соли равон дар ин муддат 14 ҳазору 928 нафар оиладор шудаанд, яъне 834 адад кам аст. Бекор кардани ақди никоҳ бошад, дар соли 2018 қиёс бо ҳамин давраи соли равон 49 адад афзудааст. Яъне ҳамин миқдор оила бо сабабҳои гуногун вайрон гардидааст, – изҳор дошт дар суҳбат Фараҳманд Нарзизода, сармутахассиси Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят.

– Доири як қатор барномаҳои давлатӣ амал менамоем ва оид ба пешгирии вайроншавии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила мизҳои мудаввар, тренингҳо, семинарҳо, озмунҳо гузаронида, дар ҳама шаҳру навоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр ва пайваста барои пойдор нигоҳ доштани махсусан оилаҳои ҷавон кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳем, – мегӯяд сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода. Ҳуқуқҳои занон махсусан дар доираи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳифз мешаванд. Баҳри ёрӣ расонидан ва шарҳу тавзеҳи ин қонунҳо як қатор марказҳои буҳронӣ ба заноне, ки ба хушунат рӯ ба рӯ меоянд, ёрӣ мерасонад. Яке аз онҳо Маркази занон «Гулрухсор» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ягон оила вайрон нашуда, решаҳои издивоҷаш мустаҳкам гардад.

Маркази мазкур соли 1996 дар доираи барномаи ЛиенТасис бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шафқати байналхалқии Тоҷикистон ташкил шудааст. Марказ тӯли ин муддат ба ҷабрдидагоне, ки ба ҳолати бӯҳронӣ гирифтор шудаанд, ёрии ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоиро ба таври ройгон ва махфӣ расонидааст. Ҳадафи асосии марказ нигоҳ доштани пойдории оила буда, самти асосии фаъолияташ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон мебошад. Вақте барои гирифтани маълумот вориди марказ гардидам, садои гиряи зане аз ҳуҷраи ҳамшафат ба гӯш расид. Баъди пурсуҷӯ маълум гардид, ки як лаҳза пештар ҷавонзанро, ки тахминан 19 - 20 - сола будааст, гӯё корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми даст задани ӯ ба худкушӣ дар соҳили Сирдарё боздошт намуда, ба марказ овардааст. Хостам, бо ҷабрдида ҳамсуҳбат шавам, аммо кормандони марказ аз рӯи самти фаъолияти худ фаҳмониданд, ки ин амал то равшан гаштани сабабҳо ва омилҳои ин воқеа номумкин аст. Бо зани дигаре, ки Шарафнисо ном дошту аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ будааст, ҳамсуҳбат гардидам.

 Номбурда зикр дошт, ки соҳиби чаҳор фарзанд асту бо сабабҳои ҷой доштани хушунати оилавӣ аз хона гурехта, ба шаҳр омадааст. – Шавҳарам инсони хуб аст, аз ҷиҳати иқтисодӣ моро таъмин месозад. Аммо вақте нӯшокии спиртӣ истеъмол мекунад, тамоман аз ақл бегона мешавад ва маро латукӯб месозад. Чандин сол ба ин рафтораш тоқат кардам, аммо тамоми аъзои баданам аз зарби латукӯб дардманд шудааст. Дигар тоқат накардаму роҳи гурезро пеш гирифтам. Шаҳрро, ки намедонистам, нафари савобталабе ба ман роҳи марказро нишон дод. Аз маслиҳатҳои ройгон ба худ як ҷаҳон маънӣ гирифтам ва миннатдории худро ба кормандони марказ мерасонам. Имрӯз аллакай шавҳарам пушаймон аст ва ба гирифтани ман меояд.

– Гузаронидани машварати оилавӣ дар маркази мо ба барқарор гаштани оилаҳои буҳронӣ мусоидат мекунад ва он самтҳои мухталифи кору фаъолият ва ҳаёту зиндагии занонро дар бар гирифта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми занону модарон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бояд гуфт, ки маркази мо дар кишвар нахустин институти иҷтимоӣ ба шумор рафта, барои занони ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила паноҳгоҳи муваққатӣ пешниҳод менамояд, ки барои 14 шабонарӯз муайян карда шуда, онҳо метавонанд дар ин муддат курсҳои барқароршавиро гузашта, қувваашонро барқарор намоянд, – гуфт дар суҳбат директори марказ Гулрухсор Абдуллоева.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла шуъбаи кор бо занон ва оила низ аз рӯи барномаҳои давлатӣ оид ба нақши фаъолгардонии зан дар ҷомеа, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, бо ин васила ба беҳ гардонидани шароити зиндагии онҳо саҳми арзанда мегузорад, – афзуд мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ. Зӯроварӣ дар оила рафтори ғайриқонунӣ аст. Агар зан зери таънаву таҳқир қарор гирад, обрӯву эътиборашро паст зананд, дашном кунанд, латукӯб намоянд, аз муносибатҳои зарурӣ маҳрум созанд, пас ҷабрдидаи зӯроварии оилавӣ маҳсуб меёбад ва ашхосе, ки занро ба чунин ҳолат меорад, мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

– Ба Маркази занон «Гулрухсор» давоми 9 моҳи соли равон 917 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 471 нафар ёрии ҳуқуқӣ пурсида, 332 нафар ба мушкилоти равонӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. То ин муддат ба 14 нафар зан, 10 нафар кӯдак ва 1 наврас паноҳгоҳи муваққатӣ дода шуд. Ба заноне, ки ба малакаҳои омӯзишӣ шавқ доранд, дар ин муддат афзалият дода мешавад, – зикр дошт Сабоат Бобоҷонова, сармутахассиси марказ. Ҳамасола дар доираи «16 рӯзи зидди зӯроварии гендерӣ», ки аз 25 ноябр то 10 декабр эълон мегардад, Раёсату шуъбаҳои кор бо занон ва оила, Шӯрои занони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фаъол гардида, маъракаҳои амалиёти зидди зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон гузаронида мешавад. Тӯли 16 рӯз баробари баланд бардоштани воқифият аз мушкилоти зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон корбарии дастҷамъона бо ҳадафи аҳоӣ аз хушунат ва тақвияти маърифати ҳуқуқии занону духтарон дар равиши чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегардад. Дар ҳошияи ин маъракаи умумихалқӣ тадбирҳои мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ идома хоҳад ёфт, ҳарчанд тамоми сол ба ин масъала мувоҷеҳ бояд буд.

Сарчашмаи тамоми ободию файзу нусрати зиндагӣ аз баракати зан - модар аст. Боиси таассуф, ки баъзе мардони худхоҳу худбин ба қудрату тавоноии зан сар фуруд наоварда, ӯро қадр намекунанд, имкон намедиҳанд, то онҳо дар оила пайи сариштаи рӯзгору тарбияи ҷигарбандони азизи хеш шаванд. Ба фарзандон низ оид ба ахлоқи ҳамида ва илму ҳунар, одаму одамгарӣ сухан ронда, ҳатман бояд маърифати оиладориро омӯзонид. Агар рафтору кирдор, касбу кор ва санъату ҳунари шахс дар оила ва ҷомеа боиси эҳтирому таҳсини дигарон гардад, ин хушбахтист.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh