МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТРО НАБОЯД ФУРӮХТ!

Маҳсулоти қаннодӣ дар таркиби худ миқдори зиёди шакару асал ва дигар ивазкунандаи онро дорад. Хусусияти асосии он маззаи форам ва каллориянокии баланд мебошад. Аз ин лиҳоз, хурду калон истеъмоли маҳсулоти қаннодиро меписанданду қариб дар аксар оилаҳо пас аз хӯрдани таом ширинӣ истеъмол мекунанд. Ин аст, ки дар ҳар мағоза ё нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрок растаҳои маҳсулоти қаннодӣ амал мекунанд. Вале ҳолатҳое пеш меоянд, ки сифат ва тарзи нигоҳдошти он дуруст ба роҳ монда нашудааст.

- Дирӯз аз «Афғонбозор» - и бозори марказии «Панҷшанбе» барои фарзандам аз растаи қаннодӣ ширинӣ харидам. Азбаски рӯз бегоҳ шуда буд, ба писарчаам фаҳмонидам, ки ширинии харидаамонро дар хона истеъмол мекунад. Пас аз ба хона расидан шириниро ба табақча гузоштан хостам, вале чун ба даст гирифтам, ба ҳайрат омадам, зеро он сахту сангин буд. Бале, бароям ширинии кӯҳнашударо фурӯхтаанд. Ба тааҷҷуб омадам.

 Фарзандам ҳамоно даст дароз мекард, то шириниро хӯрад. Ба ин роҳ надодам. Ӯро ором карда, аз сехи қаннодии дар наздикии хонаи истиқоматиамонбуда ширинӣ харидам. Рӯзи дигар ба назди фурӯшанда рафтам ва изҳори норизогӣ кардам, вале ба ҷойи узрхоҳӣ бо ман дағал муомила кард, ки гӯё суханам дурӯғ бошад. Шояд ҳамагон фикр кунанд, ки гап дар сари маблағ аст, вале ин тавр нест. Чаро имрӯз фурӯшандагон харидоронро фиреб медиҳанду маҳсулоти кӯҳнашударо мефурӯшанд? - ба мо арз кард сокини шаҳри Хуҷанд Фарзонаи Раҳмон. Пас аз ин шикоят аз назди растаҳои маҳсулоти қаннодӣ гузар кардем.

Дар дохили «Афғонбозор» ва бозори марказии “Панҷшанбе” нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти қаннодӣ зиёд ба чашм мерасад. Хурсандиовараш он аст, ки дар баъзе нуқтаҳо шириниҳо ба таври замонавӣ, зебову дилкаш дар дохили растаҳои шишагини махсус гузошта шуда, фурӯшандагон бо либосҳои ба талабот ҷавобгӯ маҳсулоти худро ба мардум пешкаш менамоянд. Вақте хоҳиши ширинӣ хариданро пайдо кардем, фурӯшанда ба даст халтачаи селофанӣ пӯшида, бароямон ширинии лозимаро дароз кард. Шириниро чашидем, вале аз маззаи он қонеъ нагаштем… Сипас, ба дигар растаҳо равон шудем. Ростӣ, аз ҳолати фурӯши маҳсулот ба ҳайрат омадем, зеро ягон нафар аз фурӯшандагон қоидаҳои оддии санитарию гигиениро риоя накардаанд.

Дар ҳавои кушод маҳсулоти қаннодиро гузоштаанду болояшро нопӯшида мондаанд, ҳол он ки ғизои мазкурро инсон бидуни шустан истеъмол мекунад. Баробари ин дар аксар маҳсулоти қаннодӣ сана ва ё мӯҳр гузошта нашуда буд. Харидор намедонад, ки маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда наву тоза аст ва ё муҳлати истеъмолаш гузашта. Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Султон Раҳмонзода маълумот дод, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон 12 нуқтаи хӯроки умум ва ду сехи қаннодии ғайриқонунӣ фаъолиятмекарда ошкор шуд, ки дар он ҷо қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя карда нашудаанду бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои лозима аз фаъолият боздошта шуд.

- Боиси қайд аст, ки дар асоси 26 қарор наздик 20 ҳазор килограмм маҳсулоти шубҳанок ба маблағи беш аз 367 ҳазор сомонӣ нобуд карда шуд. Дар ин замина маҳсулоти қаннодии барои ба саломатии инсон зараровар нобуд карда шуд. Тавре огаҳ ҳастем, имрӯз дар бозори “Панҷшанбе” корҳои сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ рафта истодааст ва дар ин замина бояд таъкид кард, ки чангу ғубор бо ҳаво омехта шуда, ба маҳсулоти хӯрок бетаъсир намемонад. Дар ин замина мехоҳам, таъкид созам, ки фурӯшандагон дар наздикии сохтмон болои аробачаҳо маҳсулоти қаннодиро бе ягон хел воситаи муҳофизат аз чангу ғубор фурӯхта истодаанд.

Мутаассифона, ин ҳолат хеле зиёд ба чашм мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини бозор амали онҳоро нодида мегиранду барои фурӯш иҷозат медиҳанд. Оё ин дуруст аст? Барои ба саволи худ посух гирифтан ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят муроҷиат кардем. Иттилоъ дода шуд, ки аз сабаби дар таркиби маҳсулоти қаннодӣ мавҷуд будани миқдори зиёди қанду равған дар онҳо хатари вайроншавӣ ва афзоиши микроорганизмҳои бемориовар зиёд аст.

Аз ин сабаб ба риоя намудани шароитҳои нигоҳдорӣ ва муҳлати фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, махсусан кремдор диққати махсус додан лозим аст. Вале дар бархе нуқтаҳо қоида ва шартҳои лозима иҷро нагардидааст. Дар ин замина роҳбарияти бозор ва масъулинро лозим аст, ки барои роҳ надодан ба савдои кӯчагии ғайрисанитарӣ ва ба ҳаёти инсон зараровар чораандешӣ намоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh