ВАЗЪИ КОФТУКОВИ ҶИНОЯТКОРОН БОЯД ҶОННОК ШАВАД

Дар маҷлисгоҳи Прокуратураи вилоят ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд доир ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла вазъи иҷрои “Стратегияи миллӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020” дар кори субъекти амалкунанда баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Раёсату шуъбаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарон ва шахсони масъули мақомоти амният ва корҳои дохилӣ ширкат намуданд. Ҷаласаро Ҳабибулло Воҳидов - прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 оғоз намуда, қайд кард, ки вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020” таҳти назорати доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қарор дорад.

Стратегияи миллӣ ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд. Санҷиш ва ҷамъбасти амалишавии Стратегияи миллӣ як қатор камбудиҳоро дар фаъолияти субъектони амалкунанда ошкор намуд, ки бартараф кардани онҳо ба баланд шудани раванди мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат менамояд. Сипас, вобаста ба ин масъала ахбороти сардори шуъбаи муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи I Т.Файзуллозода ва баёноти роҳбарони субъектони амаликунандаи Стретегияи миллӣ шунида шуд.

Дар ахборот вобаста ба корҳои ба иҷро расонида оид ба пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ қайд гардид ва таъкид шуд, ки иҷрои талаботҳои Стратегияи миллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани тайёрии касбии соҳаи мафкуравӣ, гузаронидани семинар - тренингҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, ташкили барномаҳои радио ва телевизион ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҷиҳати пурра ба Ватан баргардонидани толибилмони дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсилменамуда, дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон, мусоидат ба осон намудани дастрасии қарзҳои имтиёзнок, шароит ба шуғли аҳолӣ ва андешидани чораҳо оид ба танзими раванди муҳоҷират, зиёд кардани шумора ва ташкили фаъолияти толорҳо ва иншооти варзишӣ, китобхонаҳо ва марказҳои маърифатӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати динии имом - хатибон ва ғайра андешидани чораҳои муассирро талаб менамояд.

 Вазъи кофтукови ҷинояткорон ҷоннок намудани фаъолиятро тақозо доранд. Бо баррасии масъала ва муҳокимаҳо қарори дахлдор қабул гардида, шахсони масъули субъектони амалкунанда вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои талаботҳои Стратегияи миллӣ ва Нақшаи тадбирҳо доир ба амалишавии он бояд чораҳои иловагии зарурӣ андешанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh