Дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳо тақдим шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа зимни ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Туҳфаҳоро ба кӯдакони маъюб Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода супорида, изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёзмандону ятимон ва маъюбонро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва онҳоро мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро мегирад.

Ба кӯдакон аз тарафи муассисони озмун туҳфаҳои пуливу хотиравӣ ва ба ду нафар аробачаҳои маъюбӣ эҳдо гардид.

Волидони кӯдакон аз ҳусни таваҷҷуҳ ва кӯмакрасониҳои доимӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh