Хавфи бемории ҳорӣ аз ҳайвонҳои бесоҳиб

- Вақте бегоҳ роҳ сӯи хона гирифтам, саге сари роҳ меистод. Ба ӯ аҳамияте надодам. Якбора саг сӯям давид. Хостам, аз саг худро дур кунам, вале дандонаш ба поям расид. Ростӣ намедонистам, ки соҳиби саг кӣ аст ва ноилоҷ сагро бо худ гирифтам. Сониян, ба нуқтаи шикастабандӣ шитофтам. Барои ба беморӣ гирифтор нашудан ба маблағи 110 сомонӣ сӯзандору гирифтам. Мебоист масъулини идораи бойторӣ ҳолати сагро санҷиш кунанд, вале давоми се рӯз аз онҳо хабаре набуд, - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд А.Раҳимов.

Давоми нӯҳ моҳи соли 2019 дар миқёси вилоят захмдоршавии шаҳрвандон аз газидани ҳайвонот 3488 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 239 ҳодиса зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳрҳои Панҷакент, Гулистон, Конибодому Хуҷанд ҳодисаҳои зарар дидани аҳолӣ аз газидани ҳайвонҳо зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Вақтҳои охир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд низ шумораи зиёди сагҳоро метавон дид, ки бо аккоси худ оромии атрофиёнро халалдор месозанд. - Дар торикии шаб гурӯҳи сагон дар кӯча зиёд шудааст. Соати яки шаб бароям доруворӣ зарур шуд. Ба дорухонаи наздик рафтан мехостам, аммо овози сагҳои дайду маро аз роҳам боздошт. Ноилоҷ субҳро интизор шудам, - мегӯяд сокини маҳаллаи Бофанда Марҳабо. Доир ба масъалаи мазкур муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Маҷнун Орифов иброз дошт, ки вазъияти баамаломада аз ҷониби сокинон риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории ҳайвонҳои хонагӣ, зиёдшавии теъдоди сагу гурбаҳои дайду ва бесоҳиб, фаъолияти номукаммали муассисаҳои махсуси доштану безараркунии ҳайвонҳои бесоҳиб ва дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани корҳо оид ба ташкили барӯйхатгирӣ, қайд, шиносномадиҳӣ ва эмкунии ҳайвонҳои хонагӣ ва хоҷагии деҳот мебошад.

- Давоми нӯҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди вилоят ду ҳодисаи бемории ҳорӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ҷароҳатбардории аҳолии вилоят аз ҳайвонҳои гуногун зиёд гардида, айни ҳол барои сари вақт гузаронидани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ дастгир ва безарар кардани сагу гурбаҳои дайду ва дигар ҳайвонҳои бесоҳиб масъулини дахлдор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор карда шудаанд, - афзуд номбурда. Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси нигаронии сокинон гардидааст, ин гарон будани нархи сӯзандору мебошад.

 Яке ба маблағи 99 сомонӣ ва дигаре ба маблағи 110 сомонӣ як сӯзандоруро мехаранд. Бар замми ин агар саг бесоҳиб бошад, миқдори харидани доруворӣ зиёд мегардад. - Барои нафароне, ки дар қайди давлат ҳамчун эҳтиёҷманд ва камбизоат мебошанд, доруворӣ ройгон аст, - гуфт Маҷнун Орифов. Ҷонишини сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ оид ба корҳои муолиҷавӣ Р.Бӯрибоев доир ба оқибат ва нишонаи бемории ҳорӣ гуфт, ки ҳар инсоне, ки саг ва ё дигар ҳайвон газидааст, бояд зуд ба духтур муроҷиат карда, сари вақт сӯзандоруро гирифта, дорувории тавсияшударо низ истеъмол кунад.

- Агар шахсро саги бемории ҳоридошта газида бошад, бояд ба мо муроҷиат кунад. Нишонаҳои бемории ҳорӣ, пеш аз ҳама, обтарсӣ, яъне бемор аз об метарсад ва онро наменӯшад, пайдо шудани тасфи баланди бадан, шамолтарсӣ, ҳатто, аз равшанӣ метарсаду баробари ба равшанӣ баромадан нафасгириаш тез мешавад. Бояд қайд кард, ки бемории ҳорӣ асосан бо луоби даҳони саги бемор ба инсон мегузарад ва пайдошавии беморӣ аз ҷойи газида вобаста аст. Агар ҷойи газидаи саг аз системаи марказии асаб дур бошад, ҳамон қадар давраи гузариш тӯл мекашад, табобат то 6 моҳ идома ёфтанаш мумкин аст.

Давоми нӯҳ моҳи соли равон ба беморхонаи мо танҳо як ҳолат аз ноҳияи Айнӣ муроҷиат карда буданд, ки дар ӯ тамоми нишонаҳои бемории ҳорӣ мавҷуд буд ва ӯ дар муддати се рӯз фавтид. Агар нафаре, ки аз саг ва дигар ҳайвонҳо осеб дидааст зуд ба духтур муроҷиат намояд, оқибатҳои ногувори онро пешгирӣ кардан мумкин аст, - иброз дошт Р.Бӯрибоев.

Мутаассифона, вақтҳои охир дар кӯчаву гузаргоҳҳо сагони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ба сокинон халал эҷод мекунанд. Масъулинро мебояд, баҳри бартараф кардани оқибатҳои нохуш чораҳои зарурӣ андешанд. Баробари ин нафароне, ки дар хонаҳои худ ҳайвонҳоро нигоҳ медоранд, бояд сари вақт онҳоро аз ташхис гузаронанд, то ҳаёти одамони гирду атрофро зери хатар нагузоранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh