ИМТИҲОНИ ЗИНДАГӢ Ё ХУД НОКОМИИ РӮЗГОР

Бахшида ба «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон»

- Зодаи шаҳри Панҷакент ҳастаму бо амри тақдир сокини шаҳри Истаравшани бостониам. Дар ин ҷо соҳиби оила гардидам. Шукри беадад, Худованд бароям писарчаеро ато фармуд, ки боис шодмонӣ ва тасаллои қалби ғамолудаам гашт. Шунида будам, ки ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи дар механдад, аз ин боис ба нозу хостаҳои шавҳари бадхашмам тоқат мекардам. Маро омӯзонида буданд, ки ба ҳама вазнинии ҳаёт сабр намоям, аммо дар баъзе маврид таҳаммул кардан бароям даст намедод, - гуфт Бароатхон.

 Вақте бори аввал бо ин зан рӯ ба рӯ нишастам, гумон кардам, ки синну солаш аз панҷоҳ гузаштааст, зеро оҷангҳои рӯю абрувони хамида ва дастони дар меҳнати вазнин осебдидааш аз заҳмати сангин дарак медод. Чашмонаш пур аз дарду ҳасрат гӯё имдод меҷустанду аз ночориву хастагӣ ба ҳар тараф менигаристанд. Дар тан либоси одии тоҷикона, дар сар рӯймоли обшуста ва дар пой пойафзоли нав дошт. Самимона сӯям нигарист, гӯё ман ба ӯ неву ӯ бароям суол дошта бошад…

- Тақдири инсон басо аҷиб будааст, гаҳе ба само мебараду гаҳе ба замин мезанад, гӯё инсон худ барои имтиҳон офарида шуда бошад. Банда низ дар зиндагӣ бо рангорангии зиёде дучор омадаам, вале бештар «ранги хокистарӣ» маро думболагир буд. Рашки шавҳар дар ҳаёт маро бо азоби зиёде рӯ ба рӯ кард. Хостам аз хушдоман паноҳ ҷӯям, вале ӯ низ ба амалҳои фарзандаш чашм мепӯшид. «Зан бояд ба ҳама сахтиҳо тоб овараду аз гуфтаи шавҳар набояд қадаме гузорад» - мегуфт ҳар дам хушдоманам. Азбаски ҷавон будаму дар даст кӯдаки ширхора доштам, сабр кардам, зеро гуфтаанд «Поёни шаби сияҳ сафед аст», - мегӯяд Бароатхон.  

Ин зан ба хотири фарзанд рашки ноҷояи шавҳарро нодида мегирифт, то зиндагиашро бо талхӣ наомезад. Рӯзона кӯдак дар бағал ба саҳро мерафту меҳнат мекард, бегоҳ бо кору бори хона машғул мешуд ва шабона ба ҷои хобби орому истироҳат кардан, то субҳ аз шавҳар дашном мешунид.  

- Худованд бори дуввум бароям писарчаеро насиб гардонд ва гумон кардам, ки меҳри фарзанди дуввум шавҳарро дигаргун месозаду рашкаш кам мешавад, вале хато кардам. Акнун шавҳарам дубора рашк мекард, гӯё ба саҳро ба хотири хушҳолӣ кардан бо атрофиён мерафта бошам. Худ қазоват кунед, магар зане, ки соҳиби ду фарзанд асту бар замми ин шавҳари бадрашк дорад, метавонад бо дигарон хушҳолӣ бикунад?  - ашкрезон дарди дил кард Бароатхон.  

Баробари рашк кардан акнун шавҳар даст боло кард. Ӯ ҳамсарашро ончунон зери лагад мегирифт, ки нагуфтанӣ буд. Боварии шахс намеояд, ки мард метавонад ба ҷисми зани худ, ба он нафаре, ки фарзандонашро рӯи олам овардааст чунин амалҳои зиштро раво бинад? Охир мардон лоақал бояд занони худро ба хотири фарзандон эҳтиёт бикунанд. Таҳаммулпазирии Бароат ба хотири фарзандон буд, зеро намехост, ки тифлаконаш аз меҳри падарӣ дар канор монанду ба хотири номуросогии зану шавҳар ба қалбашон осебе расад.

- Агар ман аз он занони зебосанам мебудам, шояд рашки шавҳарро баҷо меҳисобидам, вале ин тавр нест. Бе пурсиши ӯ чизи нав ба бар намекардаму рӯймолам аз сарам дур намешуд. Ниҳоят кор то дараҷае расид, ки ду кӯдакамро гирифта, аз ҳавлии ғамзада ғайб задам. Гумон кардам, ки бе ӯ аз пайи ду кӯдакам гардида, зиндагиамро пеш мебарам. Вале, куҷое пинҳон шавам ӯ аз паям равон мешуд. Дубора ба ҳавлии бароям наҳс ба хотири фарзандонам баргаштам. Гумон кардам, ки аз карда пушаймон асту ислоҳ ёфтааст, вале хато кардам...

Боиси таассуф аст, ки аксар мардон имрӯз онро сарфи назар мекунанд, ки паси ҳар оилаи вайроншуда тақдири кӯдак меистад. Вақте оила пароканда мешавад кӣ фарзандони онҳоро тарбия мекунад? Албатта, кӯчаву хиёбонҳои сарду холӣ ва шахсони аз тарбия дурмондаву дарси одаму одамигарро наомӯхта, боз кӣ мебуд…

-Зиндагӣ нисбат ба ман бевафо аст, зеро ягона муттакои қалбам, хоҳари азизам, ки ҳамроҳам дар ҳама рӯзҳои сахтам буд аз ин дунё рафт. Марги бармаҳали ӯ боиси зиндаятим гаштани ягона духтаракаш буд. Аҳли хонаводаи шавҳараш аз духтари ноболиғи хоҳаракам даст кашид. Ба ӯ менигаристаму қалбам пора мегардид, зеро ончунон ба хоҳаракам монандӣ дошт, ки гӯё наздам духтараш неву худаш бошад. Ба вазнинии тақдир нигоҳ накарда, ӯро ҳамчун духтари худ қабул кардам, - Бароатхон нақлашро ба охир нарасонида, сарашро хам кард, гӯё гуноҳи азиме карда бошад.

Акнун бар зиммаи ӯ тарбияи ҷиянаш низ вогузошта шуда буд. Аз ин рафтори завҷааш шавҳар норозӣ шуд. Магар илоҷи дигаре буд? Ӯ роҳи баромадан аз ин вартаро намедонист. Вақте косаи сабри инсон лабрез мешавад ӯ роҳи гурезро пеш мегирад, зеро то кай зери мушти шавҳар хомӯш бояд истад. То ба кай саломатии худро аз бераҳмии шавҳар аз даст медиҳад. Ин даъфа шавҳари Бароат ба ҳайвони ваҳшӣ монандӣ дошт, зеро завҷаи худро то дараҷае зери мушту лагад гирифт, ки дастонаш шикастанду ранги танаш дигаргун гашт.  

- Вақте дастонамро шикаст, докапеч кардам, хостам ба беморхона равам, вале ӯ роҳ надод. Агар ба беморхона равӣ, фарзандонатро дигар намебинӣ, - гӯён таҳдид кард. Чанд муддат бо дарди тоқатнофарсои дастам  худмуолиҷа кардам. Интизори шифо ёфтан будам. Вале ба дастонам нигоҳ карда лоақал аз мушт боло кардан ором нагардид. Маънии рафторашро намефаҳмидам, охир нисбат ба ӯ меҳрам зиёд буд, вале рафтори ноодамонааш қалбамро шикаст, гумон мекунам, ки дубора бахшидан кори хато будааст, - гуфту дастони шикаставу каҷгаштаашро бароям нишон дод.

Аз нақли ин зан чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки шавҳараш ақлан бемор аст, зеро боварии кас намеояд, ки инсони солим то дараҷае дар худ андешаҳои ҳайвони ваҳширо парварида бошад? Дигар тоқати Бароат тоқ гашт, ӯ се кӯдакро гирифту сӯи зодгоҳ, яъне ба шаҳри Панҷакент шитофт. Дар он ҷо падару модар, хешону пайвандон ва додараш умр ба сар мебурданд. Ба хотири аз шавҳар раҳоӣ ёфтан, ӯ роҳи гурезро пеш гирифт.

- Вақте ба зодгоҳам баргаштам аз фавти нобаҳангоми падару модар огоҳ ёфтам. Тасаллобахшандаи қалби ману фарзандонам ин ҳаётро падруд гуфтанд. Охир чаро ин қадар тақдир нисбат ба ман бераҳм аст? - дигар аз Бароат садое набаромад, зеро ӯ мисли кӯдаки хурдсол беист мегирист. 

Падару модарро ба хонаи охират гуселонду худ дар ҳавлии онҳо маскан гирифт. Илоҷе карду ҷойи корӣ ёфт, фарзандонашро ба мактаб ҷобаҷо кард. Гумон кард, ки акнун метавонад оромона умр ба сар барад. Метавонад, ормонҳои дар қалбаш маҳфузмондаро амалӣ созад ва барои хушбахтии минбаъдаи фарзандонаш зиндагиро идома диҳад.  

- Бегоҳ, вақте аз кор бармегаштам, фарзандонам сӯям мешитофтанду мегиристанд, - модарҷон аз ин ҷо равем, - илтиҷо мекарданд онҳо, вале сабабшро нагуфтанд. Дертар фаҳмидам, ки зани додарам ба онҳо, ҳатто бурдаи нон намедодааст. Дар ин бобат бо додарам Аскар ҳамсӯҳбат гардидам, вале ӯ ба суханонам бовар накард. Рӯз ба рӯз муносибати мо сард мешуд ва ҳолат то ҷое расид, ки додарам маро бо се фарзандам аз ҳавлии падариам ронд. Куҷо рафтанро намедонистам, ночор боз ба шаҳри Истаравшан баргаштам…

Шавҳари Бароат аллакай зани дуввумро ба хона оварда буд ва бо ӯ қонунӣ ҷудо гашт. Шояд қалби зан он вақт ба дард даромад, зеро хуб медонист, ки ҳаёти боз як зани бегуноҳ шикаст хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд, зеро миш – мишҳои мардум то ба гӯши Бароат расонд, ки имрӯз ӯ ба ҳавлии худ арӯси чорумро овардааст…

Хурсандона акнун шавҳараш ба ӯ кордор нашуд ва Бароатхон бо меҳнати ҳалоли худ кӯдаконашро ба воя расонида истодааст. Фарзанди калониаш барои таҳсили илм ба Федератсияи Русия рафтаасту баробари таҳсил меҳнат карда, ба модар маблағ мефиристад. Духтари хоҳаракаш бо дӯзандагӣ машғул асту писари дуввумаш дар мактаби миёна таҳсил дорад. Гузашти моҳу сол инсонро ақлан бузургтар месозаду ҷисман заиф мегардонад.  

- Ягона масъалае, ки маро имрӯз ба ташвиш андохтааст ин набудани манзили истиқоматиам аст. Дар ҳавлии истиқоматии як нафар инсони гамхор умр ба сар бурда истодаем. Ростӣ, аз мо маблағи иҷораро намегирад, вале то кай дар ҳавлии шахси бегона умр ба сар мебурда бошам? Бар замми ин дасте, ки солҳои пеш шавҳарам шикаста буд, маро хеле азият медиҳад. Бо ин даст тамоман кор карда наметавонам. Вақте ба духтур муроҷиат кардам гуфтанд, ки бояд ҷарроҳӣ кард, вале барои он маблағи зиёде лозим аст, - ин суолҳо Бароати азияткашидаро ба ташвиш андохтааст.

Имрӯз ӯ аз имтиҳони сангини зиндагӣ халос гардидааст. Гумон мекунем, ки мушкилоти Бароатро сохторҳои дахлдор ба пуррагӣ омӯхта, барои гирифтани манзили истиқоматӣ ва табобати дастонаш кӯмак мерасонанд. Барои Бароати мубориз дар зиндагии минбаъдааш рӯзи равшану хотири ҷамъ ва тани солимро таманно дорем.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh