ХИЗМАТИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР ТАНЗИМ МЕХОҲАД!

Солҳои охир дар вилоят, хусусан дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд танбашавии воситаҳои нақлиёт дида мешавад. Маълум аст, ки ин ҳолат ҳамарӯза ҳангоми субҳу шом бештар ба назар мерасад, зеро вақти ба кор рафтану аз кор баргаштани мардум буда, равуои воситаҳои нақлиёт низ афзун аст.

Дар шумораҳои рӯзнома борҳо бобати бесарусомонии истгоҳи нақлиётии автовокзали шаҳри Хуҷанд, ба танзим даровардани ду тарафи кӯча ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла таксиҳои сабукрави сари кӯча мавод нашр намуда будем, вале то ҳол вазъият тағйир наёфтааст. Бино ба гуфти сокинон, онҳо борҳо ба мақомоти дахлдор бо ариза ва шикоятҳо муроҷиат кардаанд, вале то ҳол ягон чораҷӯӣ дида намешавад.

Дар ин минтақа маҳаллаи сераҳолии шаҳр - Масҷиди Савр ҷойгир буда, ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ғайридавлатии «Паймони азизон», «Кавсар», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 ва боғчаи хусусии «Дилоро» рӯзе ду маротиба аз ин чорроҳа мегузаранд. Бино ба гуфти сардори Шуъбачаи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА РВКД - Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Раҳимзода Карим Раҳим бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии пиёдагардон ва пешгирии ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳамаруза, ду нафар нозирӣ хадамоти роҳбонӣ - дидбонии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва 2 нафар милитсионери хадамоти посбонӣ - пайраҳадории шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба хизмат сафарбар мешаванд.

Аз ҷониби онҳо дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нисбат ба ронандагоне, ки дидаву дониста Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, маводи маъмурӣ тартиб дода мешавад. Ғайр аз ин, барои таъмини бехатарӣ ва аз роҳи асосӣ бехавф гузаштани хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар асоси фармоиши Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 3 – юми октябри соли 2019, таҳти №237 ҳамаи кормандони ШБДА ба муассисаҳои таълимие, ки дар шафати роҳҳои нақлиётгард ҷойгиранд, вобаста гардида, ҳар пагоҳӣ аз соати 07.00 то 08.30 дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва нозирони навраси ҳаракат дар гузаргоҳҳои пиёдагарди назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо, аз ҷумла дар минтақаи «Автовокзали Пахтакор» навбатдорӣ мекунанд.

– Бояд қайд кард, ки оид ба риоя намудан ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии саривақтии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ аз тарафи роҳбарият ва ҳайати шахсии ШБДА байни қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ вусъат дода шуда, дар давраи нӯҳ моҳи соли равон дар муассисаҳои нақлиётӣ – 142 маротиба, байни соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ – 261 маротиба ва дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабии соҳаи маориф – 420 маротиба суҳбату вохӯрӣ гузаронида шудааст, – иброз дошт мавсуф. Бино ба гуфти ронандагони микроавтобусҳо, чанд сол қабл бо супориши масъулон ҳафтае фаъолияташонро дар минтақаи бозори "Суғдиён" - и микроноҳияи 3 - юм оғоз карда буданд, вале барои мусофирон мушкилӣ пеш омад. Зеро дар он ҷо ягон хатсайри байнишаҳрӣ фаъолият надошт.

Умуман, барои сокинон ва ронандагон ин мавзеъ қулай набуд. Баробари кӯчонидани терминал сокинони ноҳияҳои башаҳромада сарсон гардиданд ва мо дубора дар ин минтақа корамонро давом дода истодаем. - Наберагонам дар мактаби хусусии "Паймони азизон" таҳсил доранд.

Дар ин минтақа боз чанд мактаб ва кӯдакистон амал мекунанд. Аз нақлиёти бисёр волидон доимо дар хавотиранд, ки бачаҳо ба мактаб сиҳат раванду саломат баргарданд. Ғайр аз ин ҳанӯз аз субҳ овозҳои гӯшхарошу суханҳои беҷою хархашаҳои ронандагон табъи касро хира месозад, ҳатто наберагони хурдсолам бо асабоният аз хоб бедор мешаванд. Борҳо ба шуъбаҳои дахлдор мактуб равона кардем, то ки ин минтақа ба тартиб дароварда шавад ё истгоҳи нақлиёти байнишаҳрӣ ба дигар макон кӯчонда ва дар маҳалла тартибу низом ҷорӣ гардад, - мегӯяд сокини маҳалла Р. Неъматзода. Акмал Бобоев, сокини шаҳри Хуҷанд низ аз ин ҳол нигаронӣ дорад.

 - Ҳар субҳ, вақте бо автомашинаи шахсиам фарзандонамро ба мактабу боғча мебарам, дар минтақаи автовокзали шаҳрӣ душворӣ мекашам. Мошинҳо чунон бисёранд, ки ҳатто нозирони роҳ барои ба танзим даровардан мушкилӣ мекашанд. Қади роҳро таксиронҳо пур кардаанду ин ба танбашавӣ оварда мерасонад. Хоҳиш дорем, ки барои ба тартиб даровардани ин минтақа масъулон чораҷӯӣ намоянд, - мегӯяд ӯ.

 Бино ба гуфти сокинон, ронандагон аз кӯчаҳои маҳалла то назди истгоҳи автовокзал роҳро банд мекунанд. Хуб мешуд, масъулон ва роҳбарияти шаҳр барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароити мусоид ба кору зиндагии аҳолӣ чораҷӯӣ кунанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh