Дар Хуҷанд сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр идома дорад

Дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд беш аз 100 бех дарахтони навъи ардач шинонида шуд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ таъкид кард, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ диққати махсус зоҳир гардида, мунтазам дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида мешавад.

Дар зимн Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ба тозагии муҳити атроф, ду канори соҳили Сир ва кӯчаву хиёбонҳо таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.

Ёдовар бояд шуд, ки то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 500 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуда, омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh