ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди иҷрои барномаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, бо пешкаш намудани рақамҳои аниқи рушди макроиқтисодии мамлакат таъкид доштанд, ки дар маҷмӯъ ҳадафҳои барномавии давлату Ҳукумат мунтазам иҷро шуда истодаанд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар ин давр суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба 13,4 фоиз баробар гардидааст. Ё худ, агар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2013 ҳамагӣ 45,6 миллиард сомониро ташкил дода бошад, алҳол он ба 78 миллиард сомонӣ баробар гаштааст. Музди миёнаи ҳар корманд 2,4 баробар афзуда, даромади аҳолӣ ду баробар зиёд шудааст. Сатҳи камбизоатӣ то 27,5 фоиз паст гардида, сатҳи дарозумрӣ ба 75 сол расидааст ва аҳолии Тоҷикистон айни ҳол беш аз 9,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013 қариб 4 миллион нафар зиёд аст. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 78,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар 7 соли оянда ба 45 фоиз расонидани табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст.

Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид намуданд, ки Кодекси нави андоз бо иштироки бевоситаи соҳибкорону дигар мутахассисони соҳибтаҷриба омода карда шавад ва тарҳи нави Кодекси мазкур бояд ба боло бардоштани ҳавасмандии соҳибкорон ҷиҳати истеҳсоли молу маҳсулоти дар бозор рақобатпазири содиротӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ ва дар ин асос устувор гардонидани заминаҳои андозбандии буҷети давлатӣ мусоидат намояд. Ин шакли ироаи Паёми Президент низ нисбат ба паёмҳои қаблӣ фарқкунанда буд ва бори дигар мардуми кишвар боварӣ ҳосил карданд, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз иқдомҳои неки сокинони мамлакат огаҳӣ дошта, заҳмати он фардҳоеро, ки баҳри таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳмгузор ҳастанд, мунтазам қадршиносӣ мекунанд.

Сардори давлат бори дигар диққати мутасаддиёни соҳаи маорифи кишварро ба зарурияти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбию олӣ ҷалб намуда, хеле дуруст қайд карданд, ки дар оянда таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дигар илмҳои дақиқ равона кардан зарур аст. Бо пешниҳоди Сардори давлат, солҳои 2020–2040 «Бистсолагии омӯзиши фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ» эълон карда мешавад, ки инро иқдоми бузург баҳри ҳарчӣ тезтар ба давлати саноатию аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст.

Ҳақ бар ҷониби Роҳбари давлат, ки баҳри ҳаматарафа ташаккул ёфтани сатҳи дониши инсон, алалхусус мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавқеи китобхонӣ басо зиёд буданашро таъкид карданд ва дастур доданд, ки ба омӯзиши таърихи давлати тоҷикон ва дигар адабиёти касбию бадеӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Мутолиаи китобу рӯзнома дар ҳақиқат, ҷаҳонбинии шахсро васеъ ва дониши ӯро мукаммалмегардонад. Вале имрӯзҳо аксари мардум, аз ҷумла, шахсони мансабдор, ҳатто, рӯзномаҳои давриро кам мехонанд, гарчанде дар мавсими обунашавӣ маблағҳои калон аз ҳисоби музди меҳнати кормандону захираҳоимолиявии давлатӣ ба ин мақсадҳо равона карда мешаванд. Ҳангоми бодиққат тамошо кардани Паёми навбатӣ бори дигар дарк кардам, ки Пешвои миллат, Сарвари давлат ҳамеша ғамхори халқи ниёзманд буданду мемонанд, зеро дар ҳар як баромадҳояшон ҷиҳати дастгирии шахсони камбизоат, оилаҳои ба дастгирии давлатӣ мӯҳтоҷ бо як эҳсосоти самимона ҳарф мезананд ва дастурҳои мушаххас медиҳанд.

Боварии комили Пешвои миллат ба қудрату тавоноии мардуми тоҷик ва сол аз сол беҳтаршавии нишондиҳандаҳои рушди макроиқтисодии мамлакат буд, ки тибқи Паёми навбатӣ, аз 1 сентябри соли 2020 ба андозаи 50 фоиз зиёд намудани нафақаи маъюбон, ба ҳисоби миёна то 15 фоиз зиёд намудани нафақаи дигар шаҳрвандон, ба андозаи то 10 фоиз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва то ба 15 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои дигари буҷавӣ дар назар дошта шудааст.

Афзалияти Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ боз дар он аст, ки вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 – соли маъракаҳои муҳими сиёсӣ (интихоботи вакилони парлумону мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва интихоботи президентӣ) дақиқ муайян карда шуда, дар як вақт вобаста ба дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва сиёсати хориҷии мамлакат фикру мулоҳизаҳо, дастуру пешниҳодҳои судманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муфассал баён шудааст.

Карамулло ОДИЛОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh