МЕҲРУ МУҲАББАТ - ОИЛАИ ПОЙДОР

Дар утоқи кории шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт менишастем. Интизори омадани ҳунармандзане будем, ки гирандаи Гранти Раиси вилоят буда, дар ноҳия бо маҳсули дастонаш шуҳратёб гаштааст.

 Ба утоқ ҷавонзани наҳифпайкару нозукандоме ворид шуда, мудираро пурсон гашт. Пас аз арзи матлаб кардану навиштани аризаи шикоятӣ маро низ таваҷҷуҳ ба зиндагии ин зан зиёд шуд. Сокини Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт Ҷумъагул Ҳоҷиева баъди ҳабдаҳ соли хонадорӣ ва зиндагии якҷоя бо шавҳар мехост, аз ӯ ҷудо шавад. Зеро азияти доимии шавҳар, лату кӯби барзиёд ва рашки беасоси ӯ ҷисму ҷони занро маҷруҳ карда буд.

- Тӯли ҳамин қадар солҳо ба хотири зиндаятим накардани фарзандонам Лоиқу Лавзина, ки алҳол ҳар ду мактабхонанд, ба зарбаҳои бераҳмонаи шавҳар тоб меовардам. Охир, дар оилаи зиёӣ ба камол расидааму вайрон шудани ҳатто лонаи гунҷишкро ҳам намехостам. «Косаи сабрам лабрез шуд» гуфтани гузаштагонамон беасос набудааст, магар, ки имрӯз баъди чандинбора ҷароҳат бардоштану наздик ба маъюбӣ расиданам ба моҳияти ин гуфтаҳо сарфаҳм рафта, назди шумоён омадам. Аз ноадолатиҳои шавҳари дорои рашки зиёд ва беасоси ӯ ҷонам ба лаб расидааст.

Мехоҳам, аз ӯ ҷудо шавам, то фарзандонамро дар муҳити солим ба воя расонам, - иброз дошт Ҷумъагули аламзада. Нафари дигаре, ки бо сӯзу гудоз зиндагии хешро қисса мекарду аз ифшои ному насабаш худдорӣ намуд, сокини деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз буд.

Ҷавонзан баъди наздик бист соли хонадорӣ ва ба воя расонидани чаҳор меваи умраш мехост аз оилааш ҷудо шавад. Сармутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳимӣ Малика Бурҳониддинзода ҳар як арзу шикояти муроҷиаткунандагонро бо шикебоӣ гӯш мекард, бо онҳо суҳбатҳои муфид ороста, ба муросо даъват менамуд. Боиси қайд аст, ки масъулини соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин раванд муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамоянд.

Дар назди бахш, ҳамчунин маркази иттилоотию машваратӣ амал карда, барои ҳалли муаммоҳои ҳалталаб маслиҳати ройгон медиҳад. Барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб бошад, дар ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо ҳамкории шуғли аҳолӣ ва меҳнат байни ҷавондухтарон таъсис дода шудааст, ки дар он ҷо метавонанд, ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, сабадбофӣ, ресандагӣ, адрасу атласбофӣ, бофандагӣ ва кадбонугиро азхуд намоянд. Маҳфилҳои доимамали «Фардои дурахшон», «Мактаби хушдоман» ва «Шӯрои муросо», ки бо мақсади тарбия, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, маърифати оиладорӣ, кам кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ, ҷиноятсодиркунии занон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсис дода шудааст, барои мустаҳкам гардидани оилаҳои аз зӯроварӣ ва хушунат зарардида ёрии амалӣ мерасонад.

Мутаассифона, бо вуҷуди пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон Хиромони понздаҳсола, Парвинаи нуздаҳсола, Паймонаи шонздаҳсола, Фотимаи бисту ҳафтсола, Раҷаббии шасту ҳафтсола ва Руқияи бисту яксола ба ҷони худ қасд карда, бо зиндагии рангин падруд гуфтаанд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Обода Каримӣ иброз медорад, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои мухталиф ҷудо шудани оилаҳо дар ноҳия ба назар расида, теъдоди барҳамхӯрии оилаҳо дар ҷамоатҳои Понғоз, Шайдон ва Ошоба нисбат ба дигар ҷамоатҳои ноҳия зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо ин рост наомадани хулқу атвори ҳамсарон ба якдигар, дахолати бевоситаи волидон ва хешовандони наздики ҳамсарон ба оилаи онҳо, тайёр набудани ҳамсарон ба зиндагии мустақилона ва вазъи номусоиди шароити зиндагонии онҳо, ҳамчунин хиёнати ҳамсарон мебошад.

- Агар дар оиладорӣ, пеш аз ҳама, якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати ҳамсарон дида шавад, оила пойдору устувор хоҳад монд. Пешбурди ҳаёти оилавӣ бошад, вобаста ба ақлу заковат ва маърифате, ки ин ду ҷавон дар бисот доранд, сарчашма мегирад. Фарзандон дар оила аз муносибатҳои волидайн баҳра бардошта, барои худ сабақ мегиранд. Агар дар оила байни зану шавҳар самимият, меҳру муҳаббат, эҳтирому эътиқод, муомилаи хушу рафторҳои оқилона вуҷуд дошта бошад, фарзандон аз хурдӣ дар замирашон чунин хислатҳоро ҷой дода, ба воя мерасанд.

Ин аст, ки аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон оилаҳои Мӯъминҷон Воҳидов, Озода Ашӯрова, Анвар Дадоҷонов ва Бунафша Иззатуллоева дар маҳфили вилоятии Рӯзи байналмилалии оила иштирок намуда, қадрдонӣ шуданд, - иброз дошт Обода Каримӣ.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh