Дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди бинои истиқоматии панҷошёна санги асос гузошта шуд

7 январи соли 2020 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба сохтмони бинои истиқоматии панҷошёна ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бинои истиқоматии панҷошёна дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдунабӣ Каримов бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа бино дорои 20 ҳуҷраи истиқоматӣ, мағозаву таваққуфгоҳ барои нақлиёт буда, барои зиндагии истиқоматкунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Масоҳати умумии бино 450 метри мураббаъ буда, тибқи нақша барои сохтмон 4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми сохтмону васлкунӣ зиёда аз 15 нафар бо кору маоши хуб таъмин мегарданд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтан дар маркази тиҷоратӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии бинои бунёдшаванда 10  нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи сохтмонии ватанӣ ҳангоми бунёди бино маслиҳат ва тавсияҳои муфид дода, таъкид кард, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh