ДАСТОВАРДҲО, ИМКОНИЯТҲО ВА ДАСТУРҲО

Дар маҷлисгоҳи Прокуратураи вилоят маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар соли 2019 бо иштироки муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 Назарзода Ҳотам Назрулло баргузор гардид. Ҷаласаро Прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов ҳусни оғоз бахшид.

Мавсуф изҳор намуд, ки ба мақомоти прокуратураи вилоят дар соли 2019 - ум 11302 муроҷиат ворид гардида, аз ин 3711 ададашро бевосита кормандон баррасӣ намуда, 665 адади он қонеъ карда шудааст. Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва тибқи санадҳои эътиноӣ 375 шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида, 298 қарори ғайриқонунии мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, 129 парвандаи маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар самтҳои назорати умумӣ қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба замин, ҷамъоварии андозу пардохтҳои гумрукӣ, молия, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи амволи давлатию шахсӣ, маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шаҳрсозию меъморӣ, нотариати давлатӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, танзими асъор ва назорати он, анъана ва ҷашну маросим, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқу об ва дигар қонунгузориҳо 1575 санҷиш гузаронида, 22937 қонунвайронкунӣ ошкор ва 8375 санади эътиноӣ бароварда, 13610 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида, 952 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон, бо ҳама самтҳои назорати прокурорӣ 179,4 миллион сомонӣ зарарҳои моддӣ рӯёнида шудааст, ки аз ин 88,5 миллион сомонӣ ба фоидаи буҷет ва 90,1 миллион сомонӣ ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ мебошад.

Назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 4394,98 гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида, ба 260 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин 230 адад вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътирозҳо оварда шудааст.

Бидуни ин дар ҷараёни санҷиши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳолатҳои вайрон кардани муҳлат, бе баррасӣ мондан ва аз натиҷаи баррасӣ ба муроҷиаткунандагон хабар надодан ошкор гардид, ки бар асари он 493 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида, нисбати 7 нафар бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи тандурустӣ санҷида, аз натиҷаи он 290 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, нисбати 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи буҷет, моликияти давлатӣ, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ 31 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2,4 миллион сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шудааст.

Назорати қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти бонкӣ ва назорати асъор пайваста ба роҳ монда шуда, 81 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 69 ҷиноят ошкор гардидаанд.

Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пайваста санҷида, ҳолатҳои гузаронидани маъракаи хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, домодталбон ва арӯсбинон бо иштироки одамони зиёд ошкор гардида, 328 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар рафти гузаронидани санҷиши вазъи риояи қонунгузорӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаю муассисаҳо қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, дар асоси 254 амри прокурорӣ 42,4 миллион сомонӣ музди меҳнат пардохт гардида, 14 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1531 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Вазъи иҷрои қонунгузории андоз санҷида шуда, бо 951 амри прокурорӣ 88,2 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид карда шудааст, ки нисбати соли 2018 - ум 884 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, 36 ҷиноят вобаста ба қонунгузории андоз ошкор карда шудааст.

Дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳои нақлиёт ва гумрук 1396 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳгор ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ ҷарима, ба 3,1 миллион сомонӣ молу маҳсулот ба манфиати давлат мусодира карда шудааст. Ба вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои вайрон кардани талаботи ин қонунгузорӣ бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 606 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2019 ҳамагӣ 6378 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 295 адад зиёд буда, ошкоршавии ҷиноят 92,8 фоизро ташкил намудааст.

Дар ин давр аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура 1840 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳодисаҳои куштор, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ғайраҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, бо 1167 адади онҳо тафтиши пешакӣ ба анҷом расонида, 983 адад ба суд ирсол шудааст.

Дар ин давр мақомоти прокуратураи вилоят назоратро аз болои таҳқиқу тафтиши парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурди муфаттишон ва таҳқиқотчиёни мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, коррупсия, амнияти миллӣ ва агентии маводи нашъаовар буда, ба таври дахлдор ба роҳ монда, бо омӯзиш ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ 3024 парвандаи ҷиноятиро нисбати 3176 нафар барои баррасӣ ба судҳои вилоят ирсол намудааст, ки аз ин алҳол 2983 адад нисбати 3407 нафар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар даври таҳлилӣ нисбати 224 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ - экстремистидошта, эзоҳи моддаҳои 307 нишонаи 3 ва 401 нишонаи 1 Кодекси ҷиноятӣ татбиқ гардида, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд.

Дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои граҷданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ ба суд 292 аризаи даъвогӣ ба маблағи 74,1 миллион сомонӣ пешниҳод гардида, 278 адади онҳо ба маблағи 72,8 миллион сомонӣ баррасӣ ва қонеъ карда шудааст.

Прокуратураи вилоят дар асоси дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, мулоқоти корӣ бо кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ, вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдории кишвар баёнгардида, назорати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, замин, ҷамъоварии андозу пардохтҳои гумрукӣ, молия, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи амволи давлатию шахсӣ, маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шаҳрсозию меъморӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба муқобили ҳаёту саломатӣ, экстремистию террористӣ, коррупсионӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар пурзӯр намуда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ чораҳои муассирро меандешад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh