Ҳадафҳои афзалиятбахш дар роҳи фаъолияти самарабахш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои бунёдии ҷомеаи муосирамон – кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маорифу илм, фарҳангу сайёҳӣ, ҷавонон, варзиш, амнияту мудофиаро дар масири дастоварду саҳми шоистаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватану ин миллат менамоям, ки дар даврони Истиқлолият ва фазои орому осоишта ба таълиму тарбияи насли навраси кишвар машғул ҳастам. Бо чашми ақлу эҳсоси шарарбори дил дидаву огаҳӣ дорем, ки бо сиёсати оқилонаи маорифпарварии Пешвои муаззам муҳтарам Президентамон барои устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзишу бардошт аз технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ пайваста ғамхориву дастгириҳои ҳадафмандона зоҳир менамоянд.

Мо, омӯзгорон, ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон дар ҳар Паёми саодатбори солонаи худ ва дигар мулоқоту вохӯриҳои ҳадафмандашон ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа зоҳир менамоянд, дар ин раванд ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Мегӯянд, ки ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем.

Бинобар ин, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати асосӣ ва ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро зиёд намуд ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам овард.

Дар Паёми саодатбор зикр гардид: «То ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад». Ин гуфтаҳо қалбҳои падару модарон, омӯзгорон ва кулли мардуми соҳибиқболи Тоҷикистони азизамонро болидаву пурфараҳ мегардонанд.

Ҳамчун як тан аз омӯзгорони даврони соҳибистиқлоли кишвар бо идроки баланди ҳувият ин суханҳоро дар саҳифаи «Ҳақиқати Суғд» - рӯзномаи дӯстдоштаи вилоятиамон менависам, то эҳсоси худшиносӣ исбот гардад: ислоҳоти соҳаи маориф ба марҳалаи сифатан нави таълиму тарбия ва пурсамар гардидани сохтори маорифи кишвар мусоидат намуд.

Дар пешрафти фаъолият, албатта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» замина мегузоранд ва ба рушди бештари сатҳи омӯзиши шогирдон мусоидат мекунанд.

Мо, омӯзгорон имрӯз низ ва минбаъд ҳам дар баробари амалисозии ислоҳоти низоми маориф ва тарбияи насли дорои донишҳои муосир, донишу маҳорати касбиамонро равона менамоем. Миллати моро дар таърихи башар бо фарҳангу маънавиёти ғаниву рангоранги бунёдӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, бо онҳо ифтихор бинамоем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ бо унсурҳои бегона ҳифз намоем. Аҳли зиё ҳама дастҷамъона бояд рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан ба иҷро расонем.

Саидбек МИРОВАТОВ,

омӯзгори Гимназияи №2,

деҳаи Далёни Поёни

ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh