БУНЁДИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ ВА ТАЪМИНОТ БО ҶОЙИ КОРӢ

 

 

 

 

Дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти мухталиф ба роҳ монда шудааст.

Дар назди бозори «Панҷшанбе» низ корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён доранд. Аз моҳи апрели соли 2018 сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар ин мавзеъ оғоз гардида буд. Баробари ба назди гузаргоҳ расидан аён гардид, ки сохтмончиён саргарми кор буда, барои дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани кор ҷаҳд доранд.

Рангуборчиён аллакай ба рангкунии даромадгоҳҳо оғоз кардаанду қисми зиёди корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Биризвон Машарифова, ки солҳои тӯлонӣ дар бозор ба савдо машғул аст, гуфт, ки солҳои охир аксар сокинон тариқи савдо шароити иқтисодии худро беҳтар гардонида истодаанд. Бозор ҷоест, ки ҳамарӯза ҳазорон нафар меоянду дастранҷи марди деҳқон ва чизҳои лозимаро харид мекунанд. Бунёди нуқтаҳои савдо дар гузаргоҳи зеризаминӣ барои савдогарони бозор иқдоми нек хоҳад буд, зеро боз нафарони зиёде соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

- Аслан бозор ва ободу замонавӣ гардидани он барои мардуми тоҷик манфиатовар аст, зеро ҳар сайёҳ ва меҳмони хориҷиву дохилие, ки вориди бозор мешавад, ба шаҳрдории мо баҳогузорӣ мекунад, - иброз дошт номбурда.

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминиро сохтмончиёни ҶДММ «Сохтмончиёни Суғд» ба уҳда гирифтаанд. Тавре роҳбари ҶДММ «Сохтмончиёни Суғд» Аҳадҷон Ҷӯраев иттилоъ дод, дар гузаргоҳ дар се баст беш аз 60 нафар сохтмончӣ фаъолият карда истодаанд. Аз оғози корҳои сохтмонӣ барои дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани иншоот беш аз 180 нафар ҷалб шудаанд.

- Ҳоло наздик 85 фисади корҳои сохтмонӣ аз рӯи нақша ва лоиҳаи пешниҳодгардида ба анҷом расидааст. Боиси қайд, ки гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд мегардад. Барои ҳолатҳои фавқулодда низ корҳои бехатарӣ пешбинӣ гардида, аз ду тарафи гузаргоҳ даҳ роҳи даромаду баромад сохта шуда истодааст.

- Ҳамзамон, пас аз ба истифода додани гузаргоҳ 75 нуқтаи савдо бо беш аз 230 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, - гуфт Аҳадҷон Ҷӯраев. Дар рафти суҳбат зане бо дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат кард.

Ӯ гуфт, ки вазъи оилавиаш хуб набуда, фарзандаш маъюб аст ва ӯ мехоҳад, ба ҳайси рӯбанда ба кор шурӯъ кунад. Он зан шукрона кард, ки баробари сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ корафтодагон метавонанд, соҳиби ҷойи корӣ гарданду вазъи оилавиашонро ҳам беҳ намоянд. Ҳамчунин, сохтмончӣ - хиштчин Абдусамад Воҳидовро саргарми кор дарёфтем. Ӯ, ки пештар барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Федератсияи Россия мерафт, як сол инҷониб дар бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ фаъолият дорад. Соҳиби 4 фарзанд буда, бо меҳнати ҳалол оилаашро таъмин мекунад. - Ростӣ, солҳои пешин ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтам.

Дур будан аз кишвар, падару модар ва фарзандон бароям мушкил буд. Имрӯз, хушбахтона, дар шаҳри худ ҷойи корӣ бо маоши баланд насибам гардиду маблағи дар муҳоҷират пайдомекардаамро дар ин ҷо ба даст оварда истодаам. Ба нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кор ҳастанду мақсади ба муҳоҷират рафтанро доранд, ҳаминро гуфтаниам, ки алҳол барои корҷӯён ҷойи корӣ ва маоши хуб мавҷуд аст, зеро дар ҳар гӯшаву канори вилоят корҳои сохтмонӣ идома доранд, - гуфт Абдусамад Воҳидов. Боиси қайд аст, ки чанде пеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ дидан карда, ба масъулин бобати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар барои равуои мардум шароит муҳайё сохтан дастуру супоришҳо дода буданд.

Баробари ин масъулин бобати мумфаршкунии кӯчаи Шарқ, чароғонкунӣ бо усули муосири ду қадди роҳ, сохтмони ҷӯйбор, умуман ободу зебо гардонидани кӯчаи мазкур вазифадор шуданд. Доир ба ин масъала Аҳадҷон Ҷӯраев гуфт, ки то баргузории ҷашни байналмилалии «Наврӯз» - и соли равон тамоми корҳо ба сомон расонида хоҳанд шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла бунёди коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст, ки то соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh