ҶАМЪОВАРӢ, КОРКАРДИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ЧӢ МУШКИЛӢ ДОРАД?

Хотиррасон бояд кард, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 - юми марти соли 2011, таҳти №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» қабул гардида буд. Бобати иҷрои қарори мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Тибқи иттилои сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Носирҷон Яъқубов, дар шаҳру ноҳияҳо давоми соли 2019 - ум 188 санҷиши соҳавию амалиёт доир ба ҷамъоварӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва коркарди лампаҳои каммасраф гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргашта ба роҳбарони корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандон 187 пешниҳоди иҷроишаш ҳатмӣ дода шуд, ки то имрӯз бо назардошти пешниҳодҳои қаблӣ 158 ададаш иҷро гаштааст.

- Нисбат ба 46 нафар қонунвайронкунанда барои роҳ додан ба камбудиҳо дар самти ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ба маблағи 11495 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд, - гуфт номбурда.

Таҳлилҳо нишон дод, ки дар нуқтаҳои қабул давоми соли 2019 - ум 17235 адад ва аз соли 2011 то инҷониб 461108 адад лампаи каммасрафи симобдори азистифодабаромада қабул шудааст. Омӯзиши масъалаи мазкур нишон дод, ки бо сабаби гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи ЛЭД (диодӣ) теъдоди истифодабарии лампаҳои каммасрафи симобдор аз тарафи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо кам гардидааст. Хотиррасон бояд кард, ки айни ҳол имконияти қабули лампаҳои симобдори корношоям дар анборҳои махсус маҳдуд буда, ҳалли фаврии коркарди онҳоро тақозо менамояд. Ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳо аз фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, иншооти марбути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоти сохтмонӣ мушоҳида намудем, ки дар баъзе аз ташкилоти номбурда масъалаи ташкили нуқтаи муваққатан нигоҳдории лампаҳои симобдори азистифодабаромада дар сатҳи зарурӣ ҳаллу фасл нагардидааст.

Аз сабаби хуб ба роҳ монда нашудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ миёни аҳолӣ оид ба моҳияти масъалаи мазкур ва нокифоя ташкил кардани нуқтаҳои қабул аз тарафи шаҳрвандон фурӯзонакҳои корношоямгашта кам супурда шудааст. Қисми зиёди онҳоро дар партовгоҳҳо дидан мумкин аст, ки ин боиси ифлосшавии муҳити атроф аз моддаҳои симобдор мегардад. Ҳол он ки тайи чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон истифодаи лампаҳои каммасраф ба ҷойи лампаҳои тафсон маъмул шудааст.

Аммо сокинон лампаҳои азистифодабаромадаро ба партовгоҳҳои умумӣ мепартоянд. Бархе онҳоро дар хонаҳои худ нигаҳ медоранд, ба умеде, ки рӯзе корхонае онҳоро ҷамъ хоҳад овард. Бино ба иттилоои масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, доир ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор дар заминаи ҶСК “Чароғ” - и шаҳри Исфара лоиҳаҳои сармоягузорӣ “Корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф” дар шаҳри Исфара ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва лоиҳаи сармоягузорӣ “Оид ба нест кардани ҷузъҳои лампаҳои каммасрафи люминисентӣ” дар шаҳри Исфара ба маблағи 155 ҳазор доллари амрикоӣ таҳия шуда, барои воридсозӣ ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, он ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2016 - 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми декабри соли 2015, таҳти №772 тасдиқ шудааст, барои дарёфти сармоягузор ворид карда шуд. Тибқи маълумоти Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, ҷиҳати риоя намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла ба таври дахлдор огоҳ намудани истеъмолкунандагон дар бораи қоида ва шартҳои ба таври бехатар истифода бурдани лампаҳои симобдор, нигоҳдорӣ ва безараргардонии онҳо, инчунин манъ намудани фурӯши мол дар ҳолати набудани тарҷумаи қоидаҳои истифодабарӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ ба забони давлатӣ таъмин намуданд.

Дар соли 2019 аз ҷониби мутахассисони марказ ва Марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент дар шаҳру ноҳияҳо 2134 лампаи каммасраф ба маблағи 11841,6 сомонӣ бе сертификати мутобиқат ва дарҷ нагардидани маълумот оид ба истифодабарӣ бо забони давлатӣ дар борҷома номутобиқ дониста, аз муомилот гирифта шудааст.

Айни ҳол дар вилоят ягон корхона ва ташкилоте, ки дорои технологияи безараргардонӣ, коркард ва имконияти истифодаи партовҳои симобдор тибқи қонунгузории амалкунанда дар онҳо ба роҳ монда шудааст, ташкил нагардидааст. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят як таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ - 2” 150 - 300 истеҳсоли Федератсияи Россияро харид. Ҳамчунин, соҳибкори инфиродӣ Аҳрор Раҳимов низ баҳри тозагии муҳити зист, саломатии насли солим, пешгирии ифлосшавии муҳит иқдоми ҷамъоварӣ ва коркарди лампаҳои каммасрафи симобдор, аккумулятор, батареяҳоро пеш гирифтааст.

Ин соҳибкор дорои иҷозатнома (литсензия) - и фаъолият оид ба ҳуқуқи ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок буда, айни ҳол ба ҷамъоварии лампаҳои каммасраф машғул аст. Ба иттиллои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара, соҳибкор А.Раҳимов то ин дам беш аз 520 ҳазор лампаи каммасрафи симобдори аз истифода баромадаро қабул ва дар анборҳои ҳудуди ҶСШК «Чароғ» - и шаҳри Исфара нигоҳдорӣ намуда истодааст.

 Имрӯз дар вилоят якчанд корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Бӯстону Исфара чунин лампаҳоро ба фурӯш мебароранд. Аммо ба гуфтаи сокинон, сифати он лампаҳои каммасраф чандон хуб нест, зуд месӯзанду корношоям мегарданд. Ҳамин тариқ, мушкилии беосеб кардани лампаҳои корношоям дар вилоят ҳанӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст. Фарида - ҷавонзане аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Лампаҳои каммасраф хуб аст, вале нархаш гарон. Як донааш аз 4 то 15 сомонӣ мебошад. Мехарем, зуд месӯзад. Мегӯянд, ки ба партовгоҳи умумӣ партоем, симобаш ба одамону табиат зарар дорад. Ҷойе қабул намекунад. Ба куҷо супорем, намедонем.” Чунин эродҳоро аз дигар шаҳру навоҳӣ низ сокинон иброз медоранд.

Бино ба иттилои масъулин, мушкилии аввал ин, ки дар вилоят ҳанӯз корхонаи демаркатсионӣ, яъне беосеб ва таҷзияи ҷузъҳои лампаҳои каммасраф вуҷуд надорад. Мушкилоти дигар, ин ҷамъ овардани лампаҳои каммасрафи корношоям аз аҳолӣ мебошад. Хуб, аз корхонаву муассисаҳо ҷамъ кардан то дараҷае мумкин мегардад, аммо роҳи аз аҳолӣ чӣ тавр ҷамъ овардан ҳал нашуда истодааст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз дар ҷамоати деҳот ва шаҳраки аксари шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасраф дида намешавад. Имрӯз лампаҳои азкорбаромадаро дар кӯчаву паскӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебинем, ки мардум дониставу надониста партофтаанд. Агар масъулини шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба ҷамъоварии лампаҳои каммасраф миёни сокинон амалан, самарабахш ва аз рӯи масъулият мегузарониданд, шояд имрӯз кор ранги дигар мегирифт.

Бояд зикр кард, ки дар таркиби лампаҳои каммасраф маҳлули симоб мавҷуд буда, дар сурати ба партовгоҳҳои маъмулӣ партофтани онҳо ба ҳавою хок паҳн шуда, ба саломатии сокинон ва муҳити зист зиён мерасонад. Симоб яке аз моддаҳои муҳими таркиби фурӯзонакҳои компактии каммасраф буда, сарчашмаи нуру равшании фоидабахш дар ин гуна лампаҳо аст. Аз рӯи классификатсия, симоб моддаи заҳрноки дараҷаи якуми кимиёвӣ маҳсуб меёбад. Ҳатто, фурӯзонакҳои каммасрафи хурдтарин 2 - 7 мг симоб доранд. Рӯйпӯши каме осебдида ва ё вайроншудаи фурӯзонакҳо буғҳои симоб хориҷ карда, заҳролудшавии баландро ба миён меорад.

 Таркиби мӯътадили мавҷудияти симоб дар фазо ва ҳавои манзилҳои истиқоматӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ 0,0003 мг - м3 мебошад. Дар шароити ҷойҳои пӯшида дар натиҷаи осеб дидани чунин фурӯзонак таркиби буғҳои симоб мумкин аст, ки аз меъёр 160 баробар изофа гардад. Инчунин, дохилшавии симоб ба организм аксар вақт ҳангоми нафас гирифтани буғҳои он ба амал меояд, ки он бӯй надорад, вале ба заҳролудшавии организми инсон, аз ҷумла системаи марказии асаб, ҷигар, гурда, меъдаву рӯдаҳо оварда мерасонад. Бинобар ин зарур аст, дар маркази ҷамоатҳо ва корхонаҳои хизматрасонии коммуналӣ нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасраф ва ҷои махсуси нигоҳдории он ҷиҳозонида шавад, то ки аҳолӣ фурӯзонакҳои аз истифода баромадаро ба партовгоҳ ва кӯчаҳо напартояд ва ба ин васила ба беҳдошти саломатии ҷомеа хатар эҷод накунанд.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд, маърифати баланди экологиро соҳиб гашта, баҳри ҳифзи беҳдошти муҳити зист аз хатари симоби фурӯзонакҳои каммасраф эмин бошем, дар истифодаи онҳо эҳтиёткориро пеша намуда, ба ҷони худу атрофиён ҷабр накунем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh