ДУРНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ МАМЛАКАТ

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар ва дар умум, барои солҳои минбаъда низ дақиқу мушаххас менамояд.

Рамзи саодати халқи тоҷик аст, ки дар доираи манзур гардидани Паёмҳои фардоафрӯзи Президенти мамлакат ҳамасола тахайюлҳои муҳими зиндагии шоиста ва чигунагии равишҳои шарафёб гардидан ба комёбиҳои нав ба нав тарҳрезӣ шудаанд.

Дигаргунӣ ва пешравиҳое, ки халқи тоҷик имрӯз ба онҳо комёб гаштааст, дар саросари кишвар ба назар мерасанд. Ин худ натиҷаи сулҳу салоҳ ва оромӣ, заҳмати бунёдкоронаи халқи азизамон ва натиҷаи сиёсати дурбинона ва ватанпарваронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз, таъмини сулҳу оромӣ аст, ки дар фазои осудаю офияти иҷтимоӣ зиндагӣ ва ормонҳои мардум амалӣ мешаванд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо шарофати ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди фароғатию варзишӣ ва маишӣ, корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, шифохонаҳо, нақбу роҳҳо ва ғайра сохта, ба истифода дода шуданд.

Санаи 9 - уми сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани агрегати дуюми НБО «Роғун» ғалаба дар рушди энергетика ва амалӣ гардидани ҳадафи истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Ин ҳама ба ташаббусу ҷасорати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб аст.

Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,8 миллиард ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, ташкилоти собиқадорони вилояти Суғд Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд.

 Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон, муттасил ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сол аз сол андозаи нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақагирон мутаносибан меафзояд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат ва нафақахӯрони вилоят аз 1 сентябри соли 2020 ба андозаи 15 фоиз баланд бардошта шудани ҳаҷми нафақаро бо хушнудӣ пазируфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамоянд.

Имрӯз нисбат ба соли 2011 нафақаи маъюби ҷанг ба 359 сомонӣ, иштирокчии ҷанг 339 сомонӣ, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг 246 сомонӣ ва нафақаи миёнаи вилоят ба 116 сомонӣ зиёд гардид.

Бо назардошти ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу ақибгоҳи солҳои ҷанг ва беҳдошти вазъи зисту зиндагӣ, хизмати маишӣ ва мадании онҳо 19 сол мешавад, ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо ҳалокшуда, маъюб - ҷанговарони қаламрави давлатҳои дигар, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, маъюбони рафъи офати экологии НБА «Чернобил», маъюбони муборизаи барқароркунии сохти конститутсионӣ кӯмакпулии ҳармоҳа муқаррар карда шудааст.

Аз моҳи апрели соли 2017 ба маъюбони Артиши Шӯравӣ ҳар моҳ 100 сомонӣ кӯмакпулӣ муқаррар ва пардохт карда мешавад. Соли 2019 ба 197 маъюби Артиши Шӯравӣ 243400 сомонӣ маблағ пардохта шуд. Соли 2020 низ чунин кӯмакпулиҳо пардохта мешаванд.

Дар вилоят 189 нафар собиқадорони гирандаи нафақаи аҳамияти вилоятӣ зиндагӣ мекунанд, ки айни ҳол аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба андозаи 50 - 100 сомонӣ ба нафақаашон иловапулӣ пардохта мешавад. Соли 2019 барои иловапулиҳо 246720 сомонӣ маблағ пардохта шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат чораҳои амалӣ меандешад. Соли 2019 дар вилоят барои хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат 176261 сомонӣ маблағ ҷудо ва эҳтиёҷи собиқадорон ба аробачаҳои маъюбӣ, дастгоҳи шунавоӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонида шуданд.

17 сол мешавад, ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои харидани роҳхатҳои имтиёзноки осоишгоҳ барои собиқадорони ҷангу меҳнат маблағгузорӣ карда мешавад.

Ташкилотҳои собиқадорони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои таблиғу фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Роҳбари давлат дар байни собиқадорон, нафақахӯрон ва аҳолӣ корбарӣ доранд.

Мо, собиқадорон, вазифадорем, ки ин ҳуҷҷати роҳнаморо тарғиб намоем, аз мазмуну муҳтаво, хулосаҳои он дар фаъолияти худ истифода барем, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои ҷолиби созандагию бунёдкорона, ки дар Паём баён шудаанд, мусоидат намоем.

Имрӯз мо дар арафаи ҷашнҳои бузургу бошукӯҳ - 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, ташкилоти собиқадорони вилояти Суғд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллат чораҳои мушаххас меандешанд, аз воситаю имкониятҳои мусоид сари вақт истифода менамоянд.

Турсунбой РАҲМАТОВ,
раиси Шӯрои собиқадорони
вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh