БАРНОМАИ АЙЁМ

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мо ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, завқи китобхонии онон, бой гардонидани захираи луғавиашон ҷаҳду талош меварзанд.

Ҳамин буд, ки давоми солҳои 2015 - 2019 ҷомеаи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ ба муваффақиятҳо сазовор гаштанд. Хонандагон мунтазам дар озмунҳо, олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишии ноҳиявию вилоятӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд. Имрӯз мо бо номи омӯзгор Аҳтам Ӯразов меболем. Хонандагони мактабамон таҳти сарварии ин омӯзгор дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мунтазам иштирок мекунанд. Ин самара ба бор оварда истодааст. Чунончӣ, хонандаи синфи 11 Ғиёсҷон Хӯҷанов аз фанни технологияи иттилоотӣ дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷои намоёнро сазовор шуда, сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.

Дигар шогирди мактабамон Шералӣ Қурбоналиев бошад, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мақоми сеюмро сазовор шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш ба таълиму тарбияи насли наврас, омӯзиши забонҳои модарӣ, русӣ ва англисӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Сардори давлатамон ҳамчунин омӯзиши илмҳои дақиқро вазифаи ҷонии ҳар як толибилм медонанд. Муаллимони дабистон ба нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари мамлакатамон эътибори ҷиддӣ дода, омӯзиши фанҳои дақиқро гарави муҳими пешрафти илми ҳисоб ва техника медонанд. Чунончӣ, хонандаи синфи шаш Моҳира Мустафоқулова дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни математика сазовори ҷои якум гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми хеш ба сокинони деҳа ва шаҳрҳо муроҷиат карда, ободонӣ ва сабзу хуррам кардани ҳар порчаи заминро таъкид месозанд. Ҷомеаи омӯзгорон ва толибилмони мактаб ҷавобан ба даъвати Сардори давлат борҳо шанбегӣ гузаронида, гирду атрофро обод месозанд.

Соли гузашта бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”... доир гардид.

Ҳадафи озмун ҷалби насли наврас ба китобхонӣ ва омӯзиши осори гаронбаҳои адибони тоҷик буд. Мо низ баҳри пайванди аҳли тадрис ба китоб кӯшидем, ки озмунро дар Соли нави мелодӣ низ давом диҳем.

Ҳусниддин ҒАФФОРОВ,
директори МТМУ №4,
ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh