БЕМОРОН ЧӢ ГУНОҲ ДОРАНД?

Шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилоят кай ба фаъолият оғоз мекунад?

Бо чунин пурсишҳо корафтодагону беморон ба мутассадиёни соҳа ва бо зангҳои телефонӣ ба идораи рӯзнома борҳо муроҷиат намудаанд. Воқеан, ҳамагон огаҳ ҳастем, ки соли гузашта шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд расман ифтитоҳ ёфта буд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки ин шуъба фаъолият надораду беморон ҳанӯз ҳам барои муолиҷа ба шаҳри Душанбе ва ҳатто берун аз кишвар мераванд. Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ба масъулини соҳа муроҷиат намудем.

Директори Маркази саратоншиносии вилоят Бахтиёр Орифов изҳор дошт, ки санаи 18 – уми августи соли 2019 бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд расман ба фаъолият оғоз карда буд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят садҳо иншооти соҳаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ шуданд, ки бинои шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилоят аз қабили онҳост. Бинои мазкур соли 2014 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардид. Дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ ба ин шуъба аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ ворид шуда, насби ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ ба иҷро расонида шудааст. Рӯзҳои наздик ташрифи намояндагону коршиносон аз Агентии зиддиядроии ҷумҳурӣ ва филиали он дар шаҳри Бӯстон барои гузаронидани дозиметрия, яъне санҷиши сатҳи радиатсионии ҳам таҷҳизот ва ҳам дохили шуъбаву гирду атрофи он дар назар аст.

Танҳо дар сурати гирифтани хулосаи онҳо Ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ барои фаъолияти шуъба ва истифодаи таҷҳизот иҷозатнома хоҳад дод. Аз санаи 24 –уми феврал то 6 – уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони ин ташкилот гузаронидани семинар – тренинг пешбинӣ шудааст. Дар семинар ҳамаи кормандоне, ки дар шуъбаи нурӣ фаъолият менамоянд ва ё бо он сарукор доранд, иштирок хоҳанд кард. Ҳамзамон, аз Маркази мо 6 нафар духтуру физикҳо ва кормандони хурду миёна дар он ширкат варзида, танҳо пас аз он иҷозати фаъолият дар шуъбаи нуриро мегиранд. Алҳол як духтур ва як физики мо дар шуъбаи нурии Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе бозомӯзӣ доранд. Ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳамаҷониба омода намудани мутахасссисон барои бехавф ва дуруст корбарӣ намудан ба таҷҳизот мебошад. Ҳамаи омӯзишу бозомӯзиҳо аз ҷониби ташкилот пурра дастгирӣ шуда истодааст. Умуман, тибқи нақшаи Ташкилоти умумиҷаҳонии МАГАТЭ, гузаронидани тадбирҳо ба моҳи марти соли 2020 рост меояд ва то он замон дар назар аст, ки корҳои баъзе ҳуҷҷатгузориҳои ҳуқуқӣ, дозиметрия ва омодагии кадрҳо ба сомон расонида шаванд.

Директори Маркази саратоншиносии вилоят Бахтиёр Орифов фаъолияти кунуни табобатгоҳро шарҳ дода, изҳор дошт, ки дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кимиёвӣ дар маҷмӯъ 6700 бемор дар қайди Маркази саратоншиносии вилоят қарор дошта, соли 2019 ҳамагӣ 4525 бемор муолиҷа гирифтанд. Ҳамчунин, барои таъмири ҷории бому биноҳои беморхона ва ободонии гирду атрофи он як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.

- Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша - чорабиниҳо корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, боз ҳам дар сатҳи зарурӣ барои ҳифзи сиҳатии мардум кӯшиш менамоем, - мегӯяд Б.Орифов.

Бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, бунгоҳу дармонгоҳҳо, бо дастгоҳҳои муосири ташхисиву табобатӣ таҷҳизонидани беморхонаҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар собит месозанд, ки солимиву ҳифзи тандурустии ҷомеа дар мадди аввали сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Агар алҳол гирифторони бемории саратон барои ташхис ва муолиҷа ба муассисаҳои табобатии берун аз вилоят ва ё хориҷи кишвар раванд, боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик дар фаъолияти шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилоят вазъият тағйир меёбад, зеро муассисаи махсусгардонидашуда қодир аст, ташхису табобати ҳама гуна навъҳои ин бемориро ба роҳ монад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh