БУНЁДИ ИНШООТИ КОРКАРДИ ПАРТОВ АРМОН АСТ Ё ВОҚЕИЯТ?

Тозагии муҳити атроф ба инсон таъсири мусбӣ расонида, партовҳои гуногун бошад, дар ин ё он намуд ба саломатии аҳолӣ зарарнок маҳсуб меёбад. Ифлосшавии муҳити зист махсусан ба гурӯҳи одамони масъунияташон заиф, калонсол, занҳои ҳомила ва беморон метавонад бештар таъсир расонад.

Ҳамарӯза инсоният дар зиндагӣ ба истеъмол ниёз дораду баъдан пасмондаҳои худро бароварда мепартояд ва на ҳама барои дар шакли алоҳида партофтани партовҳо майлу рағбат доранд. Махсусан, партовҳои обдор бӯйи ғализ дошта, сагу гурба ва ҳашаротҳои зараррасонро ба худ ҷалб месозанд. Тақрибан зиёда аз даҳ сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд овозаҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё барои коркарди саноатии партовҳо корхонаи махсус бунёд меёбад. Маълум аст, ки ҳамарӯза аз маҳаллаҳои гирду атрофи шаҳр тонна - тонна партовҳои сокинон ба канори шаҳр, яъне ба партовгоҳ партофта мешаванд.

Афроде, ки ба ҷамъоварии маводҳои пластикӣ машғул ҳастанд, чунин зарфҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои хурди коркард мефурӯшанд. Ё ин ки тамоми коғазпораҳое, ки ба партов партофта мешаванд, аз ҷониби ононе, ки ба ҷамъоварии, ба истилоҳ, «макулатура» машғуланд, гирд оварда ва ба корхонаҳои коркарди коғаз супурда мешаванд. Ин албатта, иқдоми хуб аст ва онҳо андаке бошад ҳам, барои тозагии гирду атроф ва дар як вақт баҳри таъмини оилаи худ бо ин восита саҳм мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки бунёди корхонаи коркарди партов барои рушди иқтисодиёти мамлакат манфиати зиёд дошта, аз партовҳои гуногун намудҳои мухталифи металлҳоро ба даст овардан мумкин аст.

Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» - и шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои коммуналии шаҳр ба шумор меравад. Вазифаи асосии корхонаи мазкур баровардани тамоми намуди партовҳои аҳолии шаҳр, ташкилоту муассисаҳои буҷавию худмаблағгузор, объектҳои ободонӣ, тозакунии кӯчаҳо ва хиёбонҳои марказии шаҳр аз барф, баровардани партовҳои моеъгӣ, кашонидани об барои дарахтони шаҳр, қиркунии сагҳои дайдуи бесоҳиб буда, то имрӯз хизматрасониашро амалӣ менамояд. Нақлиётҳои партовкашон аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида, яъне дар се баст: аввал аз соати 5:00 - и субҳ то 13:00, басти дуюм аз соати 8:00 - и пагоҳӣ то 16:00, басти сеюм аз соати 17:00 то 24:00 хизмат мерасонанд. Айни замон дар мувозинаи корхона ҳамагӣ 45 адад нақлиёти гуногунсоҳа мавҷуд буда, аз ин 35 адади онҳо коршоям ҳастанд. Аз ин миқдор боз 29 адад нақлиёти махсуси партовкашон барои сокинони шаҳр хизмат мерасонад.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» - и шаҳри Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, ки чандин сол аст, ки мо барои бунёди чунин корхона лоиҳаҳои гуногун омода месозем, тендерҳо мегузаронем, аммо, мутаассифона, дарёфти маблағ ҳалли худро намеёбад. Барои амалигардонии лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партов аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мушовирони хориҷӣ бо ширкатҳои гуногун, аз қабили «СЕСТ» - и Россия, «Coқpoқatӯ Solғtions» - и Британияи Кабир ҷалб карда шудаанд. Ҳамзамон, маблағи азхуднамудаи ширкатҳои мушовирии «СЕСТ» 272 ҳазору 232 доллар ва «Coқpoқatӯ Solғtions» 118 ҳазору 537 долларро ташкил медиҳад. Соли 2018 аз ҷониби ширкати ҶДММ «Hayat Gқoғp» - и Озарбойҷон 2 адад автомошинаи партовбардор ба маблағи 182640 доллари амрикоӣ ворид карда шуд. Бояд гуфт, ки сохтмони корхонаи коркарди партовҳои маишӣ талаботи замон буда, дар партовгоҳҳои шаҳр миқдори зиёди партов ҷамъ шудааст. Сабабҳои иҷро нашудани азхудкунии маблағҳо мувофиқи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ он аст, ки созишномаи грантӣ тасдиқи иҷрои худро наёфтааст ва аз ин сабаб азхудкунии маблағҳо дар дараҷаи паст иҷро гардид.

Дар ҳудуди шаҳр бошад, ҳамагӣ 175 нуқтаи партовпартоӣ мавҷуд буда, дар онҳо партовқуттиҳо гузошта шудааст, ки шумораашон зиёда аз 900 ададро ташкил медиҳанд. Музди маоши миёнаи коргарон 1250 сомонӣ буда, 185 нафар дар самтҳои гуногун кору фаъолият доранд. Баъдан хуб мешуд, ба қадри меҳнати кормандони соҳаи партовкашонӣ расида, ҳар нафар дар оила аз рӯи виҷдон партовҳоро ба навъҳо ҷудо мекард, зеро ин кор осон буда, метавонем, аз халтаҳои полиэтиленӣ истифода барем. Дар гирду атрофи баъзе биноҳо тамоми намуди партов, аз қабили бакалашкаю халтаҳои полиэтиленӣ, махсусан уребчаҳои бачагонаро дидан мумкин аст, ки бадбахтона, бо сабаби муғамбирӣ ба он ҷо мепартоянд.

 Ҳол он ки, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр нуқтаҳои партовпартоӣ мавҷуд аст. Баъзе шаҳрвандони бемаданият партовро ба куҷое, ки хоҳанд, ҳаво медиҳанд, ки ҳангоми вазидани шамол онҳо ҳар куҷо пош мехӯранд. Бечора фаррошон аз субҳ то шом ба рӯбучин овора ҳастанду ақаллан ба қадри меҳнати пурмашаққати онҳо намерасанд. Инчунин, партовҳои омехта ҳангоми муддатҳои зиёд дар партовгоҳ истодан аз худ моддаҳои махсуси заҳрнок ҷудо менамоянд. Онҳо бояд ҳатман безарар гардонида ва ё берун аз шаҳр бароварда шаванд. Дар ҳолати дар ҳамон нуқта сӯзонидани он гази заҳрнок, аз ҷумла диоксин ҳосил мегардад, ки ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зинда хатар дорад. – Ҳар субҳ то шом кормандони масъули минтақавии мо ба ҷамъоварии партовҳо машғул буда, барои ҳифзи муҳити зист заҳмати беандоза доранд. Дар ҳолати ба талаботи муайян ҷавобгӯ набудани партовгоҳ ё ифлос будани гирду атрофи манзил инчунин, шаҳрвандон низ ҷарима мешаванд. Зеро онҳо партовро на ба дохили қуттӣ, балки ба беруни он партофта, боиси паҳн кардани ифлосиҳо мегарданд, – гуфт дар суҳбат директори генералии КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» - и шаҳри Хуҷанд Фарҳод Раҳимов.

Барои ҳамеша тоза нигоҳ доштани гирду атроф, пеш аз ҳама, маданияти баланди шаҳрвандон низ аҳамияти калон дорад. Зеро онҳо аз фурсат истифода бурда, партовҳои худро ба лаби ҷӯйҳо, шафати роҳҳо ва замини гирду атрофи бинои худ партофта мераванд, ки ин, албатта, боиси ифлосшавии муҳити зист мегардад. Ин ҳолат аз бемасъулиятиву бевиҷдонӣ сар мезанад.

 Инчунин, баҳри ободии муҳити шаҳр қариб ҳар ҳафта шанбегиҳо гузаронида, гӯшаву канори шаҳр аз ҳама гуна партовҳо тоза карда мешаванд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh