Арҷгузорӣ ба хидмати беназири собиқадорон - рисолати нек!

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ чун анъана собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла собиқадори ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳотам Шокиров ва собиқадори меҳнат Кучак Муллоҷоновро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар аснои суҳбат зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ сипосмандии худро баён дошта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

- Ноҳияи Мастчоҳ, бахусус маркази он дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ободу зебо мегардад. Боварӣ дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳия низ бо шавқу завқи баланд меҳнат намуда, саҳми босазои худро дар ободии диёр, амалӣ шудани ҳадафҳо ва барномаҳои давлатӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа, дар сатҳи баланд таҷлил шудани ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ хоҳанд гузошт, - зикр дошт Раиси вилоят дар сӯҳбат бо собиқадорон ва сокинони ноҳия.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh