ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО ЗАРУР!

Зиёдшавии воситаҳои нақлиёт нишонаи некӯаҳволии мардум аст. Имрӯз дар роҳҳои мамлакат намудҳои гуногуни мошинҳои хориҷиро дучор мешавем. Ҳар боре ба маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд меоям, назди чорроҳаи автовокзали «Роҳи Абрешим» ҳаракати беисти ҳама гуна нақлиётро дида, ба худ меандешам, ки то ин сафари навбатиам, албатта, дар ҳамин ҷо шояд чароғаки роҳнамо насб кунанд.

Ронандагон баъзан дар ин макон «даступо мехӯранд». Ҳолат дар ин ҷо як мусобиқаи эълоннашудаеро мемонад. Аз як тараф, автобусҳо, аз дигар тараф, мусофирбарҳои хатсайрӣ, таксию нақлиёти шахсӣ ҳамеша садои гӯшхароши ҳушдоркунанда (сигнал) - и баланд доранд. Ба замми ин доду фарёди маблағчини хатсайрҳо дучанд мегардад. Ҳолатҳое ҳам рух медиҳанд, ки бархе ронандаҳо ба якдигар чунон суханҳои қабеҳ мегӯянд, ки «дар бел намеистад». Онҳо андешаи атрофиёнро надоранд.

Беморхонаҳои клиникии вилоятӣ, касалиҳои чашм низ дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд. Ин мавзеъ ҳамеша серодам ва сернақлиёт аст. Баҳри пешгирии ҳолатҳои нохуш ва рух надодани садамаҳои нақлиётӣ ва асабӣ нагардидани мусофирону ронандагон дар ин ҷо гузоштани чароғаки роҳнамо тақозои ҳалли мушкилот аст.

Ин сатрҳоро навишта, боварии комил дорам, ки доди мо ба гӯши кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд ва ҳам вилоят расида, то сафари навбатӣ дар ин ҷо чароғак мегузоранд. Дигар ба ҷои доду фарёд ва суханҳои қабеҳ оромӣ дар яке аз дарвозаҳои шаҳр (Автовокзал) барқарор мегардад.

Ҳама аз субҳ бо табъи болида, яке аз пайи хизмату тиҷорат, дигаре барои донишомӯзӣ ва аёдати бемору гирифтани табобат мешаванд.

Раҳим ҚОБИЛОВ,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh