173 ҲОЛАТИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

- Аз 715 шаҳрванде, ки дар хориҷа бидуни розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин таълими динӣ мегирифтанд, 693 нафар ба Ватан бозпас гардонида шуданд ва 12 нафар барнагаштаанд. Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан – 3 нафар, Исфара -1, Конибодом - 4, Панҷакент -2 ва Ашт -2 нафар мебошанд, - иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сӯҳроб Рустамзода.

Аз шумораи умумии донишҷӯён, ки баргашта буданд, то имрӯз бидуни иҷозат ва огоҳии мақомоти дахлдор, такроран барои идома додани таҳсили динӣ ва ё бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ё табобат 14 нафар ба хориҷи кишвар сафар карданд. Онҳо асосан сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Панҷакент мебошанд.

Бояд тазаккур дод, барои муайян намудани теъдоди ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ё кофтукови ҷиноӣ қарор доранд ва айни замон дар Феҳрасти донишҷӯён ба инобат гирифта шудаанд, барои муайян намудани фаъолияти онҳо бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, Сӯҳроб Рустамзода иброз дошт, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 909 санҷиши фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби шуъбаи вилоятӣ, бахшҳо, сармутахассисони ҷамоатҳои деҳот гузаронида шуд, ки назар ба соли 2018-ум 61 санҷиш зиёд аст. Дар даври ҳисоботӣ беш аз 4 ҳазору 600 рейди муштараки аъзои комиссия, масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида, 173 ҳолати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуд.

Мавсуф оид ба фазои динии вилоят ҳарф зада, онро мусоид ба сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки айни ҳол дар қаламрави вилоят 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ ва 803 масҷиди панҷвақта ва 17 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 924 иттиҳодияи динӣ дар асоси талаботи қонунгузории соҳа фаъолият доранд.

- Бояд тазаккур дод, ки дар қаламрави вилоят масҷидҳои ғайрирасмӣ вуҷуд надоранд ва ҳамаи он масҷидҳое, ки то соли 2014 аз қайди давлатӣ нагузашта буданд, дар давоми солҳои 2014-2019 ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, асосан ба утоқи кории раисони маҳаллаҳо, осорхона, сартарошхона, майдончаи волейбол, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, маҷлисгоҳи маҳалла, анбори маҳалла, чойхона, нонвойхона ва ғайраҳо табдил дода шудаанд, - таъкид дошт мудири шуъбаи мазкур Сӯҳроб Рустамзода.

Дар фарҷом рӯзноманигорон бобати масъалаҳои ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ, маъракаи Ҳаҷ, татбиқи қарорҳо, ободонии қабристонҳову гирду атрофи онҳо суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh