БО ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ВА ВИҶДОНИ СОФ

Ба баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзҳои башумор мондаанд. Ҳамагон ба ин маъракаи сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида, шахсони дахлдор ва масъулин корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Бо мақсади огоҳ шудан аз рафти омодагиҳо ва ҷараёни корҳои иҷрошуда аз участкаи интихоботии № 43 - юми ноҳияи Бобоҷон Fафуров дидан намудем.

Саҳни участка тозаву озода, шиору овезаҳо бо матнҳои пурмазмун ва таблиғотиву ташвиқотӣ тавассути деворнигораҳо насб шудааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайёст.

Ҳуҷҷатҳои марбут ба интихобот: протокол ва қарорҳои комиссияи участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тақвимӣ, рӯйхати аъзои участка, ҷадвали навбатдорӣ дар участкаи интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, маълумотнома ва гузоришҳои комиссияи участкаи интихоботӣ ва ҳудуди участка дар ҷувздонҳои алоҳида ҷойгиранд. Ҳамчунин, дафтарҳои қайди навбатдорон, арзу шикоятҳо, бақайдгирии ташрифи мушоҳидони байналмилал ва миллӣ, намояндагони васоити ахбори умум, фикру мулоҳизаҳо, бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ ва дафтарҳои воридотию содиротӣ ба таври таблитса мавҷуд буда, аз омода будани участка ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарак медиҳанд.

Раиси участкаи интихоботии № 43 Қурол Муллоқулов чунин иброз дошт: - Ҳанӯз аз оғози моҳи январи соли 2020 тайёрӣ ба маъракаи интихобот шурӯъ гардида, қарори комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси комиссия ба тасвиб расид. Бояд қайд намуд, ки комиссияро дар муносибатҳо бо комиссияҳои болоии интихобот, дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандон намояндагӣ менамоянд. Кори комиссия, тибқи талаботи банди 22 - юми «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, комиссияро лозим аст, ки воситаҳои молиявии барои комиссия ҷудошударо аз рӯи таъинот ва мақсаднок истифода барад ва ҳисоботи молиявиро сари вақт ба комиссияи ҳавзавии интихобот супорад. Ҳамчунин комиссия салоҳият дорад, ки вазифаҳоро байни муовини раис, котиб ва аъзои комиссия тақсим намояд.

Алҳол дар участкаи интихоботии №43- юм барои сари вақт тартиб додани рӯйхати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ ва бо тартиби муқарраргардида шиносонидани интихобкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, назорати он ба уҳдаи раиси участка вогузор гаштааст. Ваколатҳои дигари вобаста ба интихобот, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастурамал амалӣ гашта, дар навбати худ котиби комиссия тамоми ҳуҷҷатҳои коргузориро ба роҳ мондааст. Аъзои участкае, ки ба комиссияи участкавии интихоботӣ шомиланд, вазифадор шудаанд, ки ҳангоми иҷрои ваколатҳо бояд бетараф ва холис бошанд. Ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд, фикрҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар ҷаласа хаттӣ баён намоянд.

- Дар участкаи интихоботии № 43 - юм дар маҷмӯъ 1965 нафар интихобкунанда иштирок менамоянд, ки аз онҳо 10 нафарашон бори аввал дар маъракаи интихоботӣ ширкат меварзанд. Барои онҳое, ки бемори барҷомонда ҳастанду имкони ба участкаи интихоботӣ омадан надоранд, қуттиҳои сайёр ташкил хоҳад шуд. Бояд зикр дошт, ки дар участка тамоми шароит барои нафароне, ки кӯдакони маъюбу бемор ва ширхора доранд, муҳайё буда, дар ҳуҷраҳои алоҳида шахсони масъул ба нигоҳубини кӯдакон машғул хоҳанд шуд.

Бовар дорем, ки интихоботи навбатӣ шаффоф сурат гирифта, сокинон нисбат ба интихобшавандагон эътибори махсус зоҳир менамоянд ва ҳамчунин ҳар шахси вазифадор ва интихобшуда бо дасту дили гарм, виҷдони соф ва дарки масъулият барои ободии маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳрак, ноҳия ва кишвари биҳиштосои худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, - зикр дошт раиси участка.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh