Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба Чин ниқоб фиристод

Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон ба ҳампаймони худ - Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати мусоидат ба пешгирии коновирус дар байни аҳолии ин кишвар бо нишони башардӯстӣ  лавозимоти заруррии тиббӣ, аз ҷумла 3000 ниқоб (рӯйпӯш) фиристод.

Бино ба иттилои муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Замониддин Зайниддини Насриддин ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии касбӣ аз паҳншавии вируси нав дар Ҷумҳурии Халқии Хитой амиқан нигарон буда, чунин иқдомро ба хотири ҳифзи муносибатҳои дӯстона ва як навъ изҳори ҳамдардӣ ба шарикони чинии худ рӯи даст гирифтаанд. Зимнан, ректори донишкада М. Фозилзода бо ирсоли номае ба ректори Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии Халқии Чин академик Хао Фанг дар шахси роҳбарият ва ҳайати устодону донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ ба кулли мардуми ба мо дӯсти Чин дар мубориза бо ин вируси ҳалокатбор бурдбориву пирӯзӣ таманно кардааст.

Гуфта мешавад, ки 3000 ниқоби рӯпӯш барои донишҷӯёни  Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии Халқии Чин тариқи ширкати «EMS- International Express mail system» ирсол шудааст.

 Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh