Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода се нафар собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсиониро аёдат намуд.

Саидакрам Ахмедов собиқадори мақомоти милитсия буда, солҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кору фаъолият намудааст. Номбурда дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ширкат варзидааст. Раиси вилоят саҳми чунин нафаронро дар пойдории сулҳу Ваҳдат муҳим арзёбӣ намуд. Ба номбурда кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Ғаффор Маҳкамов соли 1962 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Баъди фаъолият дар мақомоти милитсия имрӯз давлати пирӣ меронад. Ӯ яке аз нафароне мебошад, ки дар барқароркунии сохти конститутсионии мамлакат саҳм гузоштааст. Раиси вилояти Суғд ин собиқадори меҳнатро бо солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳният намуда, рӯзгори хуш ва давлати пирӣ орзу намуд. Бо шарофати хизматҳои шоён ин собиқадор ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва дасгтирӣ қарор гирифтааст. Ин шахсони ватандӯст барои чунин ғамхорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Вафо Маҳкамов имрӯз хушҳол аз он аст, ки Раиси вилоят аз ҳолу аҳволаш бохабар гардид. Ӯ ҳам яке аз собиқадор ва саҳмгузор дар барқароркунии сохти конститусионии мамлакат мебошад. Раиси вилоят номбурдаро бо ҷашнҳои дар пешистода таҳният намуда, зиндагии хушро таманно кард.

Ҳамаи аёдатшудагон ба Сарвари давлат миннатдорӣ баён карданд ва илова намуданд, ки саҳми худро дар тарбияи ҷавонон аз ҳарвақта бештар мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh