Мақсад: шукуфоии кишвар

Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Суҳроб Самадов, худпешбарон Мубина Хоҷаева ва Шӯҳрат Файзуллоев, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Моҳира Азимова, Меҳрдод Қаҳҳорзода, Заррина Маннонова ва шахсони боэътимоди онҳо дар мактаб - интернати ёрирасон ва Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва дар ҳавзаи интихоботии «Дуредгарон», № 6 - и шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагони ҳавзаҳо мулоқот оростанд.

Вакилон ва шахсони боэътимоди онҳо, аз ҷумла Мукаррама Бузурукова ва Абдусабур Абдуваҳҳобов дар бораи фаъолияти меҳнатии номзадон дар риштаи парлумони касбии кишвар ва маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ, номзадии минбаъдаашон ба ҳайси вакил, Барномаҳои пешазинтихоботӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, такмили қонунгузорӣ ва ҳуқуқу озодии инсон ва дастгирии ҷавонон, мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум маълумоти муфассал доданд.

Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар бораи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мазмун ва моҳияти Барномаи ҳизб, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, ободиву шукуфоии Тоҷикистон андешаи хешро иброз дошт. Дар ҷамъбаст номзадон ба вакилӣ ва шахсони боэътимод интихобкунандагонро баҳри овоздиҳӣ ба тарафдории номзадҳои арзанда, ки санаи 1 - уми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, даъват намуданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh