Нақши оила дар тарбияи фарзанд

Оиладорӣ ва тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Дар оила кӯдак ба воя расида, ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбат ба ҳамсолону дӯстон ва рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад.

Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва мардум мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст.

Оила дар тарбияи фарзанд нақши муҳим ва марказиро мебозад, зеро он мактаби аввалини насли наврас аст. Агар падару модар бофарҳангу бомаърифат бошанд, чун боғбон кӯшиш менамоянд, ки ба парвариши ин мева машғул гарданд. Боғбон ҳамон вақт аз меҳнати худ қаноатманд мегардад, агар меваи парвардааш болаззат бошад ва ҳосили хубу фаровон диҳад.

Волидоне, ки аз овони тифлӣ ба тарбияи фарзандон аҳамияти хоса медиҳанд, албатта, дар оянда самараи меҳнаташонро мечашанд ва тифли ба воя расонидаи онҳо боиси хурсандии оила ва ҷомеа мегардад. Доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, пас поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».

Тарбияи оилавӣ кори муҳим ба ҳисоб рафта, аз волидайн масъулияти бузургро талаб менамояд. Оилаи муосир дар асоси тағйироте, ки дар ҷомеаи навин ба вуҷуд меояд, инкишоф меёбад. Васеъ паҳн шудани воситаҳои иртиботӣ, коммуникатсионӣ, пешравии илм ва дар ин замина дастовардҳои техника ва технологияҳои замони муосир на танҳо ба некӯаҳволии оила таъсир мерасонад, балки боиси инкишофи ҳамаҷонибаи насли наврас низ мегардад. Бояд дар хотир дорем, ки фарзандони мо падар ва модари оянда хоханд шуд ва бояд барои соҳибмаърифат шудани ҷигарбандонамон ғайр аз ҷиҳати моддӣ ба ҷиҳатҳои маънавию маърифатнокии онҳо талош бояд кард, зеро ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллист.

Ҷавонӣ давраест, ки айёми салтанату комёбӣ дар ин давр мегузарад.

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман, паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба насли нав мансуб донистан беинсофӣ мебуд, зеро аз мушоҳидаҳои хеш мебинем, ки ин раванд чун хуни фасодноки зиёновар аз азал ҷорист.

ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанд бояд аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Сабабҳои асосӣ боз ҳам аз таълиму тарбияи онҳо вобаста аст, зеро бархеи онҳо барои бунёди оилаи мустақил тайёр нестанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз, талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои падару модарони мо китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома» - и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Насирӣ» - и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат» - и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» - и ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.

Нигора РАҲИМОВА,

Дилфуза ОХУНОВА,

устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh