МО - МУҲОФИЗОНИ ВАТАНЕМ!

Ҷавонони бонангу номуси кишвари мо ба хубӣ дарк кардаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи муқаддаси фарзандиву шаҳрвандӣ ва рисолати мардонагиву шуҷоатмандии онҳост. Онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки беҳтарин шароит муҳайёст, хизмат намуда, мактаби обутоби бадан, шуҷоатмандиву мардонагии ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар сафи артиш ҷавонписарон муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд. Аз ин лиҳоз, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Мунтазам дар як сол ду маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар асоси Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар маъракаи сиёсии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шуруъ мегардад. Сафи Артиши миллии кишвар аз ҳисоби ҷавонони далеру шуҷои Ватан пурра мешавад.

Чун дар арафаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарор дорем, бо чанде аз ҷавонони шуҷои Ватан суҳбат намудем ва эҳсоси ватандӯстии онҳоро рӯи коғаз меоварем.

Фурқат Назруллоев, аз ноҳияи Шаҳристон буда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат дорад. Ӯ иброз намуд, ки ҳифзи марзу буми Ватани азизамон аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар ҷавонмарди диёр аст. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан шараф ва номуси ҷавонмардист.

- Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан хизмат ба халқу миллатро пешаи худ қарор додаанд. Шароити хизмат дар ҳамаи қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯз аз рӯз беҳтар гардида, сафи ҷавонмардони ҷасур ва бонангу номус низ бештар гардидааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки фикру андешаҳои ҷавонон дар бораи шароити хизмат хуб мебошад, - гуфт Фурқат Назруллоев.

Ҳамчунин, Баҳодур Назиров аз шаҳри Гулистон шаш моҳ мешавад, ки бо сари баланд хизмати Ватан – Модарро ба ҷо оварда истодааст.

Мавсуф мегӯяд, ки бояд ҳар як ҷавонмарди диёр Ватани азизи худро дӯст дорад. Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, ба он сазовор гардад. Мо, ҷавонон намегузорем, ки осудагиву оромии кишвари моро нафаре халалдор намояд. Хизмат дар сафи Артиш мояи ифтихор аст. Ҷавонони матиниродаи миллати тоҷик бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан - Модар раванд. Аз хизмати Ватан саркашӣ накунанд. Хизмат худ мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ мебошад.

Равшан Кӯчаков аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, имрӯз дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат намуда истодааст. Дар суҳбат қайд намуд, ки баъди хатми донишгоҳ бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан – Модар шомил гардид. Зеро пос доштани марзу буми миллати куҳанбунёди хешро барои худ шараф медонад.

- Имрӯз ман ҳам мисли дигар ҷавонони шуҷои Ватан содиқонаву софдилона хизмат карда истодаам. Ҷавонони чусту чолоки кишварро зарур аст, ки Ватанамонро ҳимоя ва обод кунанд. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб мебошад, - мегӯяд ӯ.

Дарвоқеъ, аз гуфтаи ҷавонони матиниродаи кишвар, ки имрӯз баҳри ҳимояи марзу буми кишвар мардонавор хизмат намуда истодаанд, бармеояд, ки бояд ҳар як ҷавони бедордилу худогоҳ баҳри ҳимояи якпорчагии Ватани азизи худ кӯшиш намояд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омода ҳастанд, ки қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоянд.

Маҳз, дар давраи хизмат ҷавонписарон шуҷоату мардонагиро омӯхта, ҳифз намудани марзу буми Ватани аҷдодиамонро аз худ мекунанд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh