Якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ моро аз дасисаҳо эмин медоранд

Аз оғози соли 2020-ум аввал дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва то имрӯз беш аз 100 давлати ҷаҳонро бемории марговари коронавирус ба ташвиш оварда, боиси марги одамон, қимматшавии нархи маҳсулот, тағйир ёфтани қурби пули давлатҳои алоҳида гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани сирояти шаҳрвандон ба ин зукоми хавфнок чораҳои саривақтӣ андешида шуда, дар ин хусус қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дорад. Дар фурудгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ назорати ҷиддӣ бурда истодаанд.

Дар корхонаю муассисаҳо низ назорати саривақтии санитарию гигиенӣ ба роҳ монда шудаанд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар рӯйхати 10-гонаи давлатҳое қарор дорад, ки то имрӯз дар қаламравашон аломатҳои сироят ба ин бемории марговар ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо шахсони ҳангоматалабу иғвогар, бо ҳар гуна сару садоҳои беасос мехоҳанд, мардумро ба таҳлуқа ва тарсу ваҳм андозанд ва ин бемориро низ мехоҳанд, ба манфиати нопоки худ истифода намоянд, ки ҳама бофтаву сохта буда, мардуми тоҷик ба он боварӣ надоранд. Хоинони миллат баргузории ҷашни милливу аҷдодии мо - Наврӯзи оламафрӯзро низ мавриди танқид қарор додаанд, аммо давлату Ҳукумат тамоми чораҳои пешгирии зукоми коронавирусро андешидаанд ва ин беморӣ ба сарҳади мо қадам намегузорад.

Дар шабакаи интернетӣ ҷавобан ба суханони иғвоангези душманони миллат, ба монанди наҳзатиҳои лошахӯр маводеро рӯи чоп овардаанд, ки дар он чунин суханонро хондан мумкин аст: “Бархе ба ном мухолифин мисли зоғи сиёҳ рӯи бомҳо қар-қар менамоянд, ки ба Тоҷикистон “вирус” омад. Ман ба онҳо ҳарфе надорам. Кӯзапушт ҳеҷ гоҳ рост намешавад. Дурӯғгӯ ростиро завол медонад. Даъвати ман ба ҳамватанонест, ки дар хориҷа ҳастанд. Биёед, ҳама бо ҳам даст ба дуо мекушоем ва барои Тоҷикистон ниёиш менамоем, ки аз ин балои хонумонсӯз эмин бимонад”.

Ин суханон ҷавоби муносиб ба “зоғҳои сиёҳ”, яъне нотавонбинону ҳангоматалабон мебошад. Рӯзноманигор дар анҷоми навиштаҷоти худ таъкид кардааст, ки “Мо як Ватан, як Худо, як хонаи умед дорем, ки номаш Тоҷикистон аст”. Воқеан ҳам, вақте мо муттаҳид ҳастем, ҳадафи ягонаи ҳифзи Ватан, ободиву осудагии марзу буми аҷдодиро дорем, қоидаҳои санитарию пешгирикунандаро риоя намоем, ягон беморӣ, иғвоҳои ғаразноки иттилоотии душманон ба мо зарар намерасонанд.

И.ҶАББОРОВ,

декани факултети таърих

ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh