ХИШТЕ ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН ГУЗОШТАН ШАРАФ АСТ

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар сар то сари кишвар идома дорад.

Дар кумитаҳои иҷроия  ва ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла кумиҷроияҳои ибтидоии “Сомон”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Осимӣ”, “Истиқлол” ва “Инқилоб” ҳашари умумихалқӣ доир гардида, аъзои ҲХДТ баробари шаҳрвандони ватандӯсти мамлакат дар тоза намудани муассисаву ташкилот, кӯчаву хиёбонҳо ва Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ саҳм гирифтанд. Он рӯз ҷӯйборҳои қади кӯча тоза, қитъаҳои кишт сабзкорӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, симои берунаи иншоот рангубор, оинаҳои он тоза карда шуданд. Қобили зикр аст, ки иқдому ташаббусҳои ҳизбиёнро сокинони маҳаллаҳо пайравӣ намуда, дар ободонии манзили зист кӯчаҳои маҳал саъй варзиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh