ҲАЁТИ ХУД ВА ДИГАРОНРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕМ!

Яке аз ҳодисаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст, ин рӯз аз рӯз зиёд гардидани шумораи мубталоёни коронавирус мебошад. Вируси мазкур имрӯз бо номи СОVID-19 байни ҷомеа муаррифӣ гардида, дар 192 давлати ҷаҳон паҳн гардидааст.

Ин беморӣ бори аввал дар Ҷумҳурии Халқии Чин пайдо гардида, ҳазорон ҳазор нафар шаҳрванди ин мамлакати бузург мубталои он гардидаанд. Дар натиҷа дар Чин одамони зиёд ба ҳалокат расиданд. Бемории мазкур оҳиста - оҳиста аз ин минтақа ба кишварҳои дигари ҷаҳон низ паҳн гардида, таъсири худро расонд. Имрӯз дар миқёси ҷаҳон гирифторони ин беморӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда, боиси фавти одамон гаштааст. Асосан гирифторони ин бемории шадиди роҳи нафас баъд аз Чин дар Амрикову Италия, Испания зиёд гардид. Аз сабабе, ки бемории мазкур ҷаҳонро фарогир аст, табибони олам онро пандемия эълон карданд. Имрӯз ин беморӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле васеъ паҳн гардидааст. Вируси корона қариб, ки тамоми мамлакатҳои Аврупоро фаро гирифтааст. Айни замон дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ мардуми зиёд ба ин беморӣ мубтало гардиданд. Ҳар рӯзу ҳар соат дар расонаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии он маводу гузоришҳо пешниҳод мешаванд. Хушбахтона, имрӯз дар харитаи гирифторони ин беморӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ҷойгир нашудаанд. Аммо дар ҳудуди кишвар оид ба пешгирии вируси корона чораҳои муассир меандешанд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Он аз фаъолияти беморхонаҳое, ки дар он ҷо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё шахсони дигари аз кишварҳои ба ин беморӣ мубталогардида баргашта, ба карантин фаро гирифта шудаанд, назорат мебарад. ҳар рӯзу ҳар соат оид ба қоидаю қонунҳои гигиенаи шахсӣ ба мардум тавсияҳо медиҳанд.

Омори санаи 28 - уми марти соли 2020 бозгӯи он аст, ки коронавирус асосан дар давлати ШМА - 104837, Италия - 86498, Хитой - 81996, Испания - 65719, Германия - 53340, Фран- сия - 33414, Эрон - 32332 нафар ва кишварҳои ҳамҷавор - Афғонистон - 110, Қазоқистон 204, Ӯзбекистон - 104, Қирғизистон - 58, Россия 1264 нафарро ташкил медиҳад.

Ва умуман мубталоёни вируси корона дар ҷаҳон 629937 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори табобатшудагон бошад 141937 нафар ва фавтидагон 28890 нафаранд.

 Давлатҳои абарқудрат пеши табобати ин вабои аср оҷизӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз ин бемории зудпаҳншаванда фаъолона мубориза барад ва нисбат ба тақдири худ ва мардуми кишвар бепарво набошад. Муборизаи дастҷамъонаи мо аз он иборат аст, ки чӣ хеле, ки табибон арз медоранд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз заҳролудшавӣ ба ин вируси манфур худ ва наздиконро ҳимоя намоем. Табибон шиоре доранд: «Бемориро аз табобат кардан пешгирӣ намудан осонтар аст.» Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри пешгирии пандемия сарҷамъона амал намоем. Махсусан, табибоне, ки дар дохили беморхона ҳастанду бо ин вирус мубориза мебаранд, ҳар рӯзу ҳар соат ба мардум оид ба қоидаҳои пешгирии ин беморӣ, аз қабили чӣ тарз шустани дастон, истифодаи ниқобҳо, доруҳои зиддимикробӣ маълумот дода истодаанд.

Ҳамзамон, аз оғози пайдо шудани вируси корона онҳое, ки дар сафари хизматӣ ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанду ба Ватан баргаштанд, зери назорати доимии табибон қарор доранд. Табибон кӯшиш карда истодаанд, ки барои аз ин вабо наҷот додани мардум корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд.

Ҳамзамон, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намоянд, тез – тез дастони худро бо собун шӯянд ва дар 15 сония як бор об нӯшанд ва ба оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд. Бояд ҳар як фард андеша намояд, ки эҳтиёти худ ин эҳтиёти на танҳо хонадони худ, балки тамоми мардуми кишвар аст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh