КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ!

Ёдрас мешавем, ки коронавирус (номи расмии он COVID-19) охирҳои соли 2019 - ум дар шаҳри Ухани Чин пайдо шуд. Ин вирус имрӯз беш аз 190 кишвари ҷаҳонро сироят кардааст. Дар расонаҳои хабарии интернетӣ омадааст, ки то санаи 31 - уми марти соли равон беш аз 786 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба вируси корона мубтало шуда, беш аз 38 ҳазор нафар ҷон бохта, 166 ҳазор нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

 Пас аз ин маълумот хулоса намудан лозим аст, ки давлатҳои ба ин вирус олуданагардида ангуштшумор буда, хушбахтона, ба қатори онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст. Пас барои ҳифз ва ҳимоя намудан аз ин бемории марговар мебояд ҳар як сокини мамлакат эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудан аз ин беморӣ чораҷӯӣ намояд, то ки худу атрофиёнро аз гирифторӣ эмин нигаҳ дорад.

Тибқи иттилои табибон, коронавирус яке аз бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот ба ҳисоб рафта, алҳол тамоми мардуми курраи Замин ва аз он ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Аз надонистани ин намуди беморӣ, хосиятҳои ин вирус, роҳҳои паҳншавӣ, пешгирии беморӣ, роҳҳо ва намудҳои табобати бемориҳои сабабҳои вируси, дошта дар байни мардум фикру ақидаҳои зиёд нисбати ин беморӣ пайдо шудааст. Бобати мавзӯи рӯз бо муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев ҳамсуҳбат гардидем.

Мавсуф иброз дошт, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории коронавирус дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилоят ситод таъсис дода, то имрӯз 4 маротиба ҷаласа гузаронида шуд.

Айни замон дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 1030 кат ва 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо зиёда аз 1700 кат ҷойҳои захиравии карантинӣ ташкил шуданд. То имрӯз бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи карантинӣ 872 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб шуда, айни замон 1086 нафар бистарӣ мебошанд.

Ҳолати умумии бистаришудагон қаноатбахш буда, бо 3 маҳал хӯроки гарм таъминанд.

 Ҳамаи шароитҳо барои гузаронидани муоина, ташхис, табобати профилактикӣ ташкил шудааст ва ягон ҳолати сироятёбӣ дар вилоят ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон муассисаҳои тандурустӣ бо 100 ҳазор ниқоби яккарата, 32,2 тонна маводи безараргардонӣ, зиёда аз 112 ҳазор адад дастпӯшак ва 2047 адад корҷома таъмин буда, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивӣ бо 121 адад дастгоҳи нафаси сунъӣ, 144 адад оксигенератор, 121 адад кардиомонитор, 79 адад пулсоксиметр ва 69 адад ларингоскоп муҷаҳҳаз мебошанд.

Маводи безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва дастпӯшакҳои яккарата, дорувориҳои зиддивирусӣ ва дезинтоксикатсионӣ ба миқдори зарурӣ захира шуда бошад ҳам, айни замон мо ба маводи безараргардонии ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо ниёз дорем.

Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолиятро идома дода, мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи муосир, либосҳои муҳофизатии инфиродӣ ва маводи безараргардонӣ таъмин шуда истодаанд.

Зиёда аз 1900 нафар шаҳрванд аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба муассисаҳои тандурустии вилоят тавассути нақлиёти махсуси тиббӣ бистарӣ шуданд, ки ҳангоми зарурият мо аз нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳо истифода намуда истодаем ва дар самти таъминоти сӯзишворӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба миён омадааст.

Маълум гардидааст, ки роҳҳои сироят аз ин вирус асосан тавассути ҳавоӣ-нафаскашӣ ба амал омада, дар шахси сироятшуда ба монанди зукоми маъмулӣ мегузарад. Имконияти сироятшавӣ хеле баланд аст, хусусан агар бемор ба шахси солим хеле наздик шавад. Сулфидан ва нафаскашии ӯ бактерияҳоро дар масофаи хеле зиёд паҳн мекунад. Гаштугузори як шахси сироятшуда аз ин вирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад, дар 50 фисади ҳолатҳо ба сироятёбии одамони атроф сабаб гардад. Аз ин лиҳоз аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро эҳтиёт ва канораҷӯӣ намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh