ХИЗМАТ БА ВАТАН – РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан неруи пуриқтидор маҳсуб меёбанд. Ин қишри ҷомеа бо доштани қувваи зеҳниву ҷисмонии хеш имконияти ҳифз ва ташаккулу пешрафти кишвари хеш мебошанд. Онҳо барои ҳимояи Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша омодаанд.

Аз ҷумла, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ба синни 18 - сола расидаро адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳатмӣ мебошад. То имрӯз ҷавонони далери Ватан қарзи мардонагиро адо намуда истодаанд. Ҳамзамон, ҷавононе низ ҳастанд, ки бе сабабҳои узрнок аз хизмат кардан дар назди Ватан - Модар саркашӣ менамоянд.

Чанде пеш бо мақсади муайян намудани сабаби даст кашидани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ пурсишномае байни донишҷӯён гузаронидем, ки мувофиқи натиҷаи он, аз се ду ҳиссаи онон сабабро «паст будани ҳисси ватандӯстии ҷавонон» донистаанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки тарбияи сиёсии наврасону ҷавонон дар мактабҳои миёна ҳоло ҳам қаноатбахш набуда, зарурати боз ҳам пурзӯр намудани корҳо дар ин самт ба назар мерасад.

Зеро ҳар амале, ки сабаби тарбияву комилшавии инсон мегардад, агарчӣ он мушкил ҳам бошад, ба нафъи инсон ва ҷомеа буда, ба суботу амнияти давлат мусоидат менамояд.

Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият дар давраи ниҳоят ҳассос тавонист, Артиши миллиро таъсис диҳад.

Хизмати ҳарбӣ ба инкишофи ҷисмониву маънавии ҷавонон таъсири назаррас дорад. Ҷавоне, ки аз сабаби танбаливу сустиродагии хеш ва аз бетарафии муҳит дар замони мактабхонӣ аз саводи кофӣ бархурдор нагардида бошад, низому тартиботи хизмат ӯро ба таълиму донишомӯзӣ водор месозад. Хизмати ҳарбӣ ба робитаву дӯстии байни ҷавонони минтақаҳои кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Дар давраи хизмат сарбозон ин ё он ҳунарро меомӯзанд. Ҳар сарбоз бо кӯшиши худ соҳиби касбу ҳунар мегардад. Он аз истифодабарии яроқ, техникаҳои гуногуни ҳарбӣ, ҳунари ронандагӣ, электрикӣ ва аз зумраи инҳо оғоз мегардад.

Ҷавонон дар вақти хизмати ҳарбӣ ба қадри шароити зиндагӣ мерасанд ва муносибати худро ба он ба таври мусбӣ тағйир медиҳанд. Хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ аст. Вақте инсон аз муҳити навозишу парастиши оила ва аз хӯроки тайёру либоси тозаи омодакардаи модараш дур мегардад, он гоҳ ба қадри зиндагӣ мерасад. Хизмати ҳарбӣ донишу маърифат ва дараҷаи дарку шинохти ҷавононро нисбати озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот ва волидон баланд менамояд.

Дар ин роҳ ҷасорат, мардонагӣ ва далериву кӯшишу талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот, амният ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонони бонангу номус намунаи ибрат мебошанд. Пайравӣ ба корҳои наҷиби Роҳбари давлат ба ҳар ҷавони кишвар мояи сарфарозӣ буда, он ба ҳифзи суботу амният ва пешравии давлат мусоидат менамояд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh