ДАЛЕРУ ШУҶОЪВУ ВАТАНПАРВАРЕМ...

Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Чун анъана дар мавсими баҳор ва тирамоҳ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят маъракаи сиёсии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор мегардад. Алҳол даъвати баҳорона оғоз гардидааст, ки ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор барои ҳимояи Ватан раҳсипор гардиданд.

Дар рӯзи аввали гусели наваскарон, ки ботантана дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд доир шуд, ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ озими қисмҳои ҳарбӣ гардиданд. Дар ин рӯз бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем.

Сардор Раҷабов, навдаъватшаванда аз ноҳияи Спитамен, имрӯз бо амри дилу виҷдон омодааст, то қарзи бар дӯш доштаи худро ҳарчи зудтар ба анҷом расонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳифзи марзу буми меҳан яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар сокини диёр аст. Ҷавононро зарур аст, ки бо сарҷамъиву якдилӣ баҳри ҳимояи Ватан хизматро дар мадди аввал гузоранд. Зеро хизмат дар сафи артиш мактаби ҳаёт аст.

Дар ҳақиқат, имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан, ки дар рӯзи аввал ихтиёран ба хизмати халқу миллат равонаанд, ҳама ҳастии худро барои Ватан бахшидаанд. Зеро имрӯз мо тавассути телевизионҳо огоҳ ҳастем, шароити хизмат дар ҳамаи қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯз аз рӯз беҳтар гардидааст, - мегӯяд наваскар.

Давлатмурод Муродов, наваскар аз шаҳри Панҷакент гуфт, ки бояд ҳар ҷавони бонангу номуси кишвар барои ҳимояи шаъну шараф ва марзу буми Ватани азизи хеш содиқона хизмат намояд, Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастияш аз дилу ҷон дӯст дошта, ба ҳимояи он доимо тайёр бошад. Зеро хизмати Ватан – Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди кишвар ба ҳисоб меравад. Ояндаи Ватани азизамон дар дасти ҷавонон аст.

Абдуҷалил Сироҷиддинов, даъватшаванда аз шаҳри Исфара дар суҳбат зикр намуд, ки ихтиёран барои ҳимояи кишвари азизаш омодааст.

- Мо, ҷавонон бояд ҳама суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, ба боварии он кас бештар сазовор гардем. Зеро имрӯз шароити будубош дар қисмҳои низомӣ мисли солҳои қаблӣ нест. Ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд омада, хизмати Ватан – Модарро ба ҷо орад. Осудагиву оромии кишвари худро қадр намуда, нагузорад, ки касе онро халалдор намояд. Хизмат дар сафи артиш на танҳо қарз, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи тоҷик бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан раванд.Саркашӣ аз хизматро ба худ раво надида, баръакс ба ҷавонони синни даъватӣ таблиғгар бошанд, то онҳо низ хизмати Ватанро пешаи худ қарор диҳанд, - иброз дошт Абдуҷалил.

Садбарг Раҷабова, модари наваскар аз ноҳияи Зафаробод буда, аз номи худ ҳамаи ҷавононеро, ки ихтиёран ба хизмати Модар – Ватан раҳсипоранд, табрик намуд. Гуфт, ки имрӯз фарзандаш низ бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, худро номнавис намуд ва дар қатори дигар ҷавонмардон, роҳи хизматро пеш гирифтааст. Ӯ мехоҳад, дигар ҷавонон низ ба Ватан содиқона хизмат кунанд, марзу буми кишвари аҷдодии худро пос доранд, нагузоранд, нохалафе суботу оромии кишвари моро халалдор намояд.

Ниёзӣ Сайёд Шоҳмирзо, наваскар аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар суҳбат чунин зикр намуд, ки хизмат ба Ватан амри фархундаву шоиста аст. Ватан моро парвариду ба камол расонид. Ман пас аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар назди худ нақша гузоштам, ки бояд хизмати Ватанро ба ҷо орам. Ифтихор мекунам, ки дар қатори ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст ба хизмат раҳсипорам. Бояд ҳар як фарди соҳибақл ин маъниро дарк намуда, барои ҳимояи марзу буми кишвараш тайёр бошад. Зеро имрӯз агар мо, ҷавонони саодатманд Ватани худро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ надорем, оромиву осудагии мардумро каси дигар халалдор менамояд.

Алишер Абдуллоев, сокини ноҳияи Шаҳристон, ки фарзандаш имрӯз барои адо намудани қарзи фарзандии хеш ба хизмати Ватан меравад, зикр дошт, ки бояд фарзанди ҳар як соҳибватан хизмат намояд. Хонаву дари худро пос дорад. Бояд фарзандони мову Шумо сазовори номи ҷавонмардӣ гардида, бо сари баланду номи нек ба назди мо баргарданд.

Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби обутоби зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра ҷавонписарон шуҷоату мардонагиро омӯхта, ҳифз намудани марзу буми Ватани аҷдодиамонро низ аз худ мекунанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст, ки аскарон метавонанд, бе ягон мамоният баҳри дифоъ тайёрӣ бинанд. Бинобар ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмати Ватан - Модар саркашӣ нанамуда, баръакс барои дифоъ намудани он ҳамеша омода бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh