Суғд: то 6 апрел зиёда аз 800 нафар аз карантин рухсат шуда, 1086 нафар зери назорати он қарор доранд

Дар вилояти Суғд баҳри пешгирии паҳншавии сирояти “коронавирус”, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кардааст, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат қарор доштанд. То 6 апрел, дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар аз карантин ҷавоб шуда, боқӣ 1086 нафар зери назорати он қарор доранд. Бештари бистаришудагон мардон мебошанд.

Дар ин бора сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлодзода хабар дод.

Тибқи иттилои номбурда, бо мақсади омода будан ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи ин сироят дар вилоят 1030 кат дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳии вилоят ва 3 беморхонаи сироятӣ бо 1700 кати захиравии карантинӣ ташкил карда шудаанд.

«Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии маркази вилоят дорувориҳои зиддивирусӣ ба миқдори 44500 дона (4450 конвалюта), маҳлулҳои безараргардонӣ (дезинтоксикатсионӣ) зиёда аз 11000 шиша, маводи муҳофизӣ, ба монанди ниқоб - 152000 дона, респиратор - 5000 дона, айнак - 600 адад, пойпӯшаки яккарата - 5000 дона, корҷомаҳои яккарата ва бисёркарата - 4000 адад ва дастпӯшакҳои яккаратаву бисёркарата ба миқдори зиёда аз 120 000 ҷуфт захира гардидааст», - афзуд номбурда.

Илҳом Пӯлодзода инчунин иттилоъ дод, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои санитарию карантинӣ амал мекунанд. Мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ ҳар як шаҳрванди аз сарҳад гузаштаро дақиқ месанҷанд. Қариб 2000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаштаанд, ба муассисаҳои тиббии вилоят тавассути нақлиёти махсуси тиббӣ интиқол ёфта, бистарӣ шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Add comment


Security code
Refresh