Исфара: АРТИШ - тарбияи садоқати ватандорӣ

Ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз санаи 1 - уми апрел дар манотиқи кишвар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз мегардад.

Тайи чанд рӯз аст, ки дар миқёси вилояти Суғд даъвати ҷавонон идома дошта, аз ҳисоби ҷавонони матиниродаву ихтиёрӣ сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пурра гардида истодааст.

Ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони Исфара буд, ки имрӯз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба пуррагӣ таъмин намуданд. Ин амали онҳо боиси хушнудӣ ва болидарӯҳии дигар ҷавонони вилоят гардида, сафи ихтиёриён рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Ҷавонони қавииродаи Исфара бо ин амали худ cобит намуданд, ки баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша омода мебошанд.

Вобаста ба ташкил намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ комиссари ҳарбии шаҳри Исфара, полковник Амирҳамза Авазализода зикр намуд, ки аз ҳисоби пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷавонони ин ду ҷамоат бо хоҳиши худ дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр омада, ба хотири ҳимояи марзу буми Ватан худро номнавис намуданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳр хуб ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали гусели наваскарон, ки бо иштироки Раиси вилоят дар маркази вилоят баргузор гардид, ки беш аз 70 нафар ҷавон аз ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ихтиёрӣ шомили Артиши миллии кишвар гардиданд. Сафи ҷавонони ихтиёрӣ дар даъвати баҳории имсола нисбат ба солҳои гузашта зиёд гардида истодааст.

Бино ба иттилои масъулин, аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр ба хотири ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Артиш пеш аз даъват дар қисмҳои низомӣ рӯзи “Дарҳои кушод” ба роҳ монда шуд. Дар ин рӯз ҷавонон бо шароити будубоши аскарон шинос гардида, ҳамчунин бобати шароитҳои муосири хизмат бо сарбозон саволу ҷавоб доир намуданд.

- Имрӯз дар миқёси шаҳр иҷрои нақшаи даъват ба 50 фоиз расидааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки садҳо ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва қавииродаи баору баҳиммат бо амри виҷдон баҳри адо намудани қарзи фарзандиву шаҳрвандии худ ва ҳимояи манфиатҳои давлат барои хизмати Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуда истодаанд, - иброз намуд номбурда.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh