БА ДУРУҒУ ДАСИСАҲО БОВАР НАКУНЕД!

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояткунандаи вируси корона дар асоси вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси кумиҷроияи шаҳрии  ҲХДТ вусъати тоза мегирад. Аксия зери унвони  “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” бо иштироки беш аз 1000 нафар дар ташвиқу тарғиб бо усули хона ба хона ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ гувоҳи гуфтаҳои болоианд.

Кормандони кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева - муовини раиси КИ ҲХДТ, Эҳсон Исоев - мудири шуъбаи ташкилӣ ва иттилоот, Зарина Манонова - мудири шуъбаи кор бо занон ва Олимҷон Нурматов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бевосита бо сокинон дар маҳалла ва хонаи истиқоматии сокинон вохӯриҳо анҷом дода, дар баробари паҳни варақаҳо ҳамчунин ҳушдор доданд, ки ба қоидаҳои санитарӣ - гигиенӣ риоя карда, бештар аз издиҳом дурӣ ҷӯянд ва ҳатман ниқобҳои ҳимояткунанда истифода баранд. Қайд шуд, ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо ба хотири эмин мондан аз ин бемории сироятӣ гузаронида шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. То имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Овоза  ва  хабару гузоришҳои паҳнгардида, асоси воқеӣ надоранд. 13 нафаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба карантин гирифта шудаанд, вазъи мӯътадил дошта, ташхис нишон дод, ки онҳо ба бемории коронавирус гирифтор нестанд.

 Кумитаи иҷроияи марказӣ
ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh